Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:16

М.Асрорӣ: Тайи 100 соли ахир матбуоти тоҷик раванди мухталифро паси сар кард

12 март 2012, 03:48

Мӯҳтарам кормандони воситаҳои ахбори омма!

 


Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ва  ҷашни фархундаи 100- солагии матбуоти тоҷик  самимона табрик гуфта, бароятон дар инъикоси воқеъбинонаи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбиҳои назаррас хоҳонам.

 

Сад сол пеш, 11 моҳи марти соли 1912 аввалин шумораи нахустрӯзномаи тоҷикӣ таҳти унвони «Бухорои шариф» бо талошҳои нахустин рӯзноманигори тоҷик, поягузори рӯзноманигории тоҷик Мирзо Сироҷи Ҳаким аз чоп баромад. «Бухорои шариф» саҳифаи ибтидоиву пойдевори дурахшони  рӯзноманигории тоҷикро боз карда,  дар амали худшиносии мардуми мо саҳми муассире дошт  ва ба инкишофи воситаи ифодаи фикри мардум ва ибрози афкори ҳақиқатҷӯёна роҳ кушод.

Дар тули 100 соли пуршараф матбуоти тоҷик равандҳои мухталифро паси сар карда, ба марҳилаи нав ворид гардид ва ба яке аз унсурҳои ҷудонашаванда ва хеле муҳими давлати соҳибихтиёр табдил гардида, дар рушду нумӯи ҷомеаи навину ташаккули арзишҳои демократӣ нақши арзанда мегузорад.Матбуот ва воситаҳои ахбори оммаи озод ҳамеша зери таваҷҷӯҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими минбаъдаи мақоми воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, равобити самаранок бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ диққату эътибори махсус зоҳир карда мешавад ва бобати дастрас намудани иттилооти тоза аз мақомоти расмии давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо имкониятҳои фаровон фароҳам оварда шудааст.

Басо рамзист, ки Рӯзи матбуоти тоҷик дар оғози фасли баҳор, таҷлили Наврӯзи хуҷастапай ҷашн гирифта мешавад. Вохӯриҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони зиёиёни кишвар дар неруи ақливу зеҳнӣ бахшидан ба рӯзноманигорон  баҳри ободиву созандагиҳои кишвар, таҳкими сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз нақши муҳим мебозанд.

Матбуоти тоҷик бо шарофати фароҳам омадани имкониятҳои рушди озодии баён ба нерӯи муқтадире табдил ёфтааст,ки метавонад бо суханони буррову боварибахш ва афкори навину созандаи рӯзноманигорон дар ҳалли масъалаҳои ҷомеа такягоҳи боэътимоди халқу ҳукумат бошад. Туфайли соҳибистиқлолӣ муҳайё гаштани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои таъсиси расонаҳои хабарӣ боиси ҳар сол  ба майдони матбуоти даврии кишвар ворид гаштани даҳҳо нашрия, муассисаҳои полиграфию оҷонсиҳо гардидааст. Ҳанӯз аз оғози солҳои 2000-ум чандин шабакаҳои давлативу ғайридавлатии телевизионӣ ва радиоӣ дар пурра намудани фазои иттилоотии кишвар нақши сазовор мегузоранд.

Рушди системаи расонаҳои ҳозиразамони электронӣ дар Тоҷикистон маҳз ба даврони истиқлолият рост омад,ки он ба раванди идоракунии электронии ҳокимият дар ҷумҳурӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Хабарнигорону муштариёни васоити ахбори омма аз беҳтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ - озодии сухану озодии  матбуот ва дастрасӣ ба он ҳамаҷониба истифода бурда, андешаҳои худро баҳри пешрафти бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона баён мекунанд ва аз мақомоти дахлдор тақозои посухҳо  менамоянд. Имрӯз нақши рӯзноманигорон дар инъикоси корнамоию шуҷоати мардуми Тоҷикистон дар бунёди иншоотҳои муҳими стратегии кишвар хеле калон аст.Рӯҳияи демократикунонии ҷомеа ба ташаккули маҳорати касбӣ , тарбияи кадрҳои соҳаи рӯзноманигорӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва одоби рӯзноманигорӣ мусоидат намуд.Рӯзноманигорони тоҷик чун узви пешқадами ҷомеаи кишвар қалами бурою сухани сафарбаркунандаи худро тавъам ба инъикоси воқеъбинонаи шукофоии Меҳани аҷдодиву куҳанбунёдамон равона сохта , аз мардуми азизи кишварамон даъват ба амал меоранд, ки ҳар яке дар хурраму сарсабз гардонидани шаҳру деҳоти мамлакат саҳмгузор бошанд.

Боварии комил дорам,ки рӯзноманигорону кормандони воситаҳои ахбори омма минбаъд низ масъулияти ба зиммадошташонро содиқона ва бо дасту дили пок иҷро карда, маҳорату малакаи касбии хешро сарфи корҳои созандагию ободкорӣ ва беҳбудии ҷомеаи навинамон менамоянд.

Ба Шумо саломатӣ, таҳаммулпазирӣ, андешапарварӣ ва дар ташаккули дунёи маънавии ҳамзамонон комёбиҳои тоза ба тозаи эҷодӣ таммано мекунам!

Мирзошоҳрух Асрорӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!