Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:52

Сардори ситод: Ягон фарзанди мансабдорро дар сафи артиш надидаам!

27 май 2011, 11:17

Аз 985 нафар наваскар, ки ба қӯшунҳои марзбонии Кумитаи амнияти давлатӣ барои хизмат даъват мешаванд, танҳо 1 нафарашон маълумоти олӣ дорад.

Дар ин бора сардори ситод- муовини фармондеҳи нерӯҳои сарҳадии кумитаи амнияти Қирғизистон Чолпонбек Турусбеков иттилоъ додааст.
Бино ба қавли ӯ, дар ин кишвар ду давраи даъват ба сафи артиш амалӣ мешавад, баҳорӣ ва тирамоҳӣ. «Ин даъфа шумораи наваскарон 985 нафарро дар бар гирифт. Аз ин теъдод танҳо як нафарашон маълумоти олӣ дошта, чор тани дигар маълумоти миёнаи махсус доранд.

Боқимонда фақат синфи 9 ва 11-ро хатм кардаанду бас. Ба ҷои ҷавонписарони ҷисман бақувват, нерӯманд ва тавоно мо бачаҳои заиф ва маризро бештар вомехӯрем. Баъд табобату муолиҷа ва тарбияи онҳо дар қисмҳои низомӣ идома мекунад,-гуфт Чолпонбек Турусбеков. – Барои мисол саргузашти ду бародари дугоникро бароятон қисса мекунам. Чанде қабл яке аз онҳо фирор кард, маълум шуд, ки ӯ ҳамсар доштааст. Ҳарчанд ин далелро комиссариати ҳарбӣ то ҳанӯз ҳам такзиб мекунад. Аскар занашро ёд карда, барои дидорбиниаш рафтааст. Хамзамон, аён шуд, ки бародари ӯ пеш аз ба хизмат омаданаш молдуздӣ карда, инак дар қисми низомӣ гӯё панаҳ бурдааст».

«Чаро ба ин комиссариатҳои ҳарбӣ роҳ медиҳанд? Дар сафи артиш ҳоло асосан ҷавононе хизмат мекунанд, ки вазни кироӣ надоранд, асабхароб ва гирифтори чанд бемории дигаранд.То қабули савганди ҳарбӣ аллакай 15 наваскарро иваз кардем, мегӯяд Чолпонбек Турусбеков. - Аз 985 даъватшаванда 9 нафарашон бе падару модар ба воя расидаанд, 26 кас бе модар ва 76 тани дигар бе падар. Вазъи оилавии онҳо дар замони хизмат дар артиш муайян шудан мегирад. Умдатан, дар қисмҳои марзбонии Қирғизистон ҷавонони манотиқи дур ва кӯҳистон адои хизмат мекунанд. Масалан, ман то имрӯз ягон фарзанди мансабдори давлатиро дар ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ надидаам, хулоса кардааст, сардори ситоди нерӯхои марзбонии Қирғизистон».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!