Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:09

Эмомалӣ Раҳмон: Академияи ВАО-и Тоҷикистон таъсис дода шавад

12 март 2012, 04:47

100 - солагии матбуоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбуот, балки ҷашни умумимиллӣ низ мебошад.Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар зимни мулоқот ва суханрониаш бо журналистон рӯзи 10-уми март дар театри мавсум ба опера балети ба номи Садриддин Айнӣ иброз дошт.


Ҳамзамон, райисҷумҳур бо ёдоварӣ аз таърихи садсолаи матбуоти тоҷик, аз ҷумла солҳои аввали он ва фаъолияти тақдирсози устод Садриддин Айнӣ, нақши воситаҳои ахбори оммаро дар бунёд ва рушди давлатдории навини тоҷикон бузург арзёбӣ намуд.   Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки маҳз дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон шумораи воситаҳои ахбори умум, хусусан расонаҳои мустақил ба маротиб афзун шуд. Зикр гардид, ки  соли 1991 ҳамагӣ як агентии иттилоотии давлатӣ вуҷуд дошт ва аз 139 адад рӯзномаву маҷалла фақат чор рӯзнома хусусӣ буд. Имрӯз бошад, 446 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки 270 - тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Аз даҳ агентии иттилоотӣ, ки ба қайд гирифта шудааст, 9-тоаш ва аз 44 шабакаи радиотелевизионӣ 28 – тоаш хусусӣ мебошад».
Президент Раҳмон расонаҳои давлатӣ ва мустақилро «ду шохаи ба ҳам пайвастаи матбуоти тоҷик» ва дар умури идораи давлатӣ «ёварони давлату ҳукумат» арзёбӣ намуд.  Номбурда доир ба мусоидат ба фаъолияти озоду ошкоро ва созандаи матбуоти тоҷик ба сохторҳои масъули давлатӣ як қатор супоришҳои мушаххас дод.Аз ҷумла дастур дода шуд, ки моддаҳои вобаста ба таҳқиру тӯҳмати (135 ва 136) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шаванд. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба омода кардани нуқтаҳои фурӯши матбуоти даврӣ дар маҳалҳои серодами шаҳру ноҳияҳо, навсозии воситаҳои чопи рӯзномаю маҷаллаҳо, саҳлсозии расондани нашрияҳо ба минтақаҳои кишвар, таҳияи барномаи давлатии омодасозии кадрҳои соҳа, таъсиси Академияи телевизион ва радио ва ғайра дода шуд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ барои хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!