Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:53

Меҳмони навбатии хабаргузории «Озодагон» Алексей Семёнов, сарвари иҷроияи «МегаФон» дар Тоҷикистон

12 март 2012, 05:47

«МегаФон-Точикистон» -оператори алоқаи ҷумҳуриявӣ, ки бо мусоидати Ҳукумат ва Вазорати алоқаи Тоҷикистон таъсис ёфтааст.


Саҳмияҳои он ба ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ҶСК «МегаФон» тааллуқ дорад. «МегаФон-Тоҷикистон» дар бозори алоқаи Тоҷикистон аз соли 2001 ба ин сӯ фаъолият дорад. Шурӯъ аз соли 2009 вазифаи сарвари иҷроияи ширкатро дар ҷумҳурии мо  Алексей Семёнов бар зимма дорад.

 

Феълан, дар шабакаи «МегаФон» беш аз 900 марказҳои заминавии (базавӣ) насли дуюм ва сеюм фаъол ҳастанд. Теъдоди муштариёни ин оператор кайҳо марзи миллионро убур кардааст.

«МегаФон» барои истифодаи осон ва фаврии хизматрасониҳо аз ҷониби муштариёнаш талош мекунад. Дар шабакаҳои чаканаи оператор зиёда аз 50 дафтари фурӯш ва хизматрасонӣ амал мекунанд.

Тибқи натиҷаи назарсанҷии «Пажӯҳиши бозори Интернет дар Тоҷикистон дар соли 2011», ки Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» анҷом дод, «МегаФон» аз рӯи шинохти тамға ва истифодабарӣ миёни воридшавандагони интернет пешоҳанг аст.

Оператор дар қаламрави ҷумҳурӣ лоиҳаҳои азими иҷтимоиро роҳандозӣ мекунад, ки баргузории мусобиқаи футбол миёни тарбиятгирандагони хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо, Шанбегиҳои сабз ва ҳамчунин дарси донишҳои мобилӣ ва бехатарӣ аз ҷумлаи онҳоанд.

Аз идора: 12 январи соли 2012 ба шабакаи «МегаФон» дар Тоҷикистон муштарии миллионум пайваст шуд. Ба ин муштарӣ сертификат барои харидории хона тақдим шуд.

Алъон, Алексей Семёнов-сарвари иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон меҳмони навбатии хабаргузории «Озодагон» асту изҳори омодагӣ кард, ки ба суолу пурсиш ва дархостҳои Шумо муштариёни азиз посух бигӯяд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!