Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:15

93 кг маводи мухаддир мусодира гардид. Дар шимоли Тоҷикистон

12 март 2012, 06:01

Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши гайриқонунии маводи мухаддири РКД вилояти Суғд иттилоъ доданд.


Тибқи иттилои манбаъ, дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони милисаи шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 93 кг  881 гр  маводи нашъовар  боздошт ва мусодира карда шуд.Ин миқдор нисбати  нишондиҳандаи ҳамин давраи соли ҷорӣ 7 кило зиёд мебошад: «Дар 2 моҳи соли гузашта аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 86 кг  маводи мухаддир мусодира карда шуда буд.

Аз ин миқдор ( 93 кг), зиёда аз 11 кг маводи сахттаъсири ҳероин, 80 кг гурӯҳи бангдона ва 1 кгро афюн  ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 41 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201-и КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!