Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:55

ВКД: Кашфу мусодираи нашъа дар Душанбе ва Қӯрғонтеппа

12 март 2012, 06:42

Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар ҷануби кишвар низ миқдоре аз маводи мухаддир забту мусодира гардид.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни ин амалиёт дар кӯчаи  И.Раҳимови шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон рӯзи 11-уми марти соли равон, тахминан соати 13:00-дақиқа, автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки ба   Халил Қосимови 27 сола, сокини ноҳияи Восеъ, таалуқ дошт, боздошт карда шуд. Дар вақти азназаргузаронии сабукрав аз дохили он 1 селофан, ки 1 килову 590 грамм маводи нашъадори бангдона дошт, дарёфту мусодира гардид.

Тафтиш муайян кард, ки маводи дарёфтшуда, ба шаҳрванд Абдуҷаббор Абдухолиқови 47- сола сокини деҳаи Меҳнатобод тааллуқ дорад. Инчунин ба ҳамин ҳодиса монанд,   зимни амалиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳрвандон Ҷайлов Ашурови 51-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ва Фахриддин Холмирзоеви 42 сола, сокини кӯчаи  Кайҳонавардон дастгир карда шуданд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дасти Фахриддин Холмирзоев 1 адад селофани печонидашуда, ки дар дохилаш 1килою  07 грамм маводи нашъадори бангдона дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Феълан, нисбати ин қазияҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!