Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:46

«Хайр» ва «Регар-ТадАз» даъвогарони Ҷоми ФФТ-2012

12 март 2012, 09:53

Ду дастаи лигаи олии Тоҷикистон ба даври ниҳоии мусобиқоти Ҷоми ФФТ роҳ ёфтанд.


Тавре Шавкат Ахмедов, масъули Федератсияи Футболи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» итилоъ дод, дирӯз дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и Душанбе дар даври ниманиҳоӣ дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо тими ССКА «Помир»-и Душанбе қувваозмоӣ намуданд. Вақти асосии сабқат бидуни гол ба анҷом расид. Дастаи «Хайр» зимни зарбаҳои 11-метра (пеналтӣ) бо  ҳисоби 6 бар 5 ғолиб омада, ба финал баромад.

Бозии дигари ниманиҳоӣ миёни тимҳои «Регар-ТадАЗ»-и  Турсунзода ва «Равшан»-и Кӯлоб сурат пазируфт. Дастаи «Регар-ТадАЗ» ин бозиро бо нафъи худ анҷом дода, тими «Равшан»-ро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дод.

Гуфта мешавад, рӯзи 13-уми март дастаҳои «Хайр» ва «Регар-ТадАЗ»  барои дарёфти Ҷоми ФФТ вориди сабқат мешаванд. Дастаҳои ССКА «Помир» ва «Равшан» барои мақоми сеюм рақобат хоҳанд кард.

Ёдрас менамоем, маблағи ҷоизаи Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Барои зинаи дуюм 15 ҳазор сомонӣ ва барои мақоми сеюм 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!