Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:41

Муҳоҷири тоҷик ҳаққи ҳалоли худро гирифт. 10 ҳазор доллар

12 март 2012, 10:25

Темур Зайниддинов, як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия 300  ҳазор рубли русӣ маошашро аз ширкати «Уралтяжбтрубстрой"-и ин кишвар нагирифта  буд, ахиран соҳиби маблағи ҳалоли худ гашт.


Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ин кор бо дахолати ҷониби Тоҷикистон анҷом шудааст.

 

Гуфта мешавад, Шоҳназар Таваров, корманди Хадамоти мазкур зимни сафараш ба минтақаи Урали Русия дар натиҷаи гуфтушунид бо роҳбарияти ширкати «Уралтяжбтрубстрой" ба мушкилоти ин муҳоҷири тоҷик расидагӣ намудааст:   «Номбурда аз шаҳрвандони Тоҷикистон оиди нақзи ҳуқуқашон як қатор муроҷиату шикоятҳо гирифтааст. Шаҳрванди дигари мо Азизмурод Алибоевич, ки дар "Металокомплекс" кор мекардаст, инчунин аз нагирифтани маошаш шикоят кардаст».

Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар натиҷаи муроҷиати корманди хадамот, ширкат қисман маоши Азизмуродро  пардохт карда, боқимондаашро ояндаи наздик медиҳад.

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!