Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 17 август 2017, 06:37

Нархи як кило помидор дар Душанбе ба 3,5 доллар баробар аст

12 март 2012, 11:31

То имрӯз аз гармхонаҳои доимии ҷумҳурӣ 242,4 тонна помидор, 180,5 тонна бодиринг, 40,85 тонна дигар намуди сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.


Тибқи иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ майдони кишти гармхонаҳои доимӣ 67,97 гектарро ташкил медиҳад: «То имрӯз  дар майдони 61,49 гектар  бодиринг, помидор ва дигар зироатҳо кишт карда шудааст, ки 90,5% нақшаро ташкил медиҳад».

Ин дар ҳолест, ки дар мағозаҳои пойтахт помидору бодиринг, ки бениҳоят кам ёфт мешаванд, бо нархҳои гарон фурӯхта мешаванд. Як кило помидор 17 сомонӣ бодиринг бошад ба маблағи 15 сомонӣ нархгузорӣ карда шудаанд.

Манбаъ афзуд, соли ҷорӣ  дар ҷумҳурӣ дурнамои шудгори заминҳо 618.015 гектар муқаррар шудааст, ки то имрӯз дар масоҳати 469.861 гектари он иҷро шудааст, ки 76    фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!