Дар ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани ноҳияи Панҷакент маркази муолиҷаи бемориҳои дил сохта мешавад.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» бо мақсади табобат ва пешгирии бемории қалб бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба маблағи беш аз 70 ҳазор сомонӣ дар заминаи собиқ беморхонаи минтақавии Кўктоши ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ба истифода дода мешавад.Марказ дар мавзеи хушбоду ҳаво ва дарахту гулзор бунёд гардида истодааст. Корҳои сохтмон ва таъмиру тармими маркази саломатиро сохтмончиёнти ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «СУ-30» таҳти сарварии Абдуллоазиз Муродов бо сифати баланд пеш бурда истодаанд.
Бояд гуфт, ки маркази мазкур дорои 60 кат буда, барои бо табибони соҳибтаҷриба ва масъулиятнок ва таҷҳизоти тибби замонавӣ таъмин намудани марказ чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Мӯҳр