Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:36

Тақвияти ҳамкориҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Салиби Сурхи Чин

13 март 2012, 05:44

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Салиби сурхи Чин рӯзи 12-уми марти соли 2012 дар шаҳри Бейҷинг (Пекин) созишномаи ҳамкориҳои дӯстонаро имзо гузоштанд.


Санади мазкурро аз ҷониби Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дабири кулли он Зафар Муҳаббатов ва аз ҷониби Салиби Сурхи Чин муовини президенти он хонум Ҳао Лина имзо карданд. Тибқи иттиллои Абдуфаттоҳ Шафиев,  ҳамоҳангсози барномаҳои ҲА дар Тоҷикистон ҳадаф аз ин Созишномаи Ҳамкориҳои Дӯстона таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Салиби Сурхи Чин мебошад. Ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, то ҳамкориҳои худро дар самтҳои зерин густариш бидиҳанд: Табодули иттилоот ва мусоидат ба ҳамдигар, табодули таҷриба ва таҳкими тамосҳо,рушди иқтидор ва тавоноӣ, ироаи таҷҳизот ва маводи башардӯстона, омӯзиши имкони роҳандозии барномаҳои муштарак.

Зафар Муҳаббатов, дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, мегӯяд, “созишномаи мазкур қадами нахуст дар ҳамкориҳо миёни ду Ҷамъият мебошад. Бо ин созишнома ҳар ду ҷониб табодули пайвастаи иттилоотро ҷиҳати таҳкими ҳамоҳангӣ ва мусоидат ба ҳамдигар ба роҳ мегзоранд, тавассути давраҳои омӯзишӣ ва сафарҳои омӯзишӣ ҳамдигарфаҳмиро таҳким мебахшанд, Салиби Сурхи Чин дар тақвияти иқтидори Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар самтҳои омодагӣ ба офатҳо ва ироаи ёрӣ ба зарардидагон кӯмак мерасонад ва ғайра”.

Ҳамзамон, Эрик Мишел Селйе, раҳбари Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, мегӯяд, “ҳамкориҳо бо Салиби Сурхи Чин дари нави имкониятро барои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати густариши фаъолиятҳояш ва тақвияти иқтидораш боз мекунад. ФБҶ СС ва ҲА, дар навбати худ, ҳамеша омода аст, то ба Ҷамъияти миллӣ дар ҷустуҷӯи имкониятҳои нави ёрӣ ба ниёзмандон ва таҳкими тавоноӣ ёрӣ бидиҳад”.

Маврид ба ёдоварист, Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) бузургтарин созмони башардӯстона дар ҷаҳон буда, ҳар сол тавассути 187 узви худ дар саросари ҷаҳон ба ёрии 150 миллион нафар мерасанд. Муштаракан бо ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Федератсияи байнулмилалӣ қабл аз, ҳангоми ва пас аз офатҳои табииву беҳдоштӣ ба ёрӣ мешитобад, ниёзҳои мӯҳтоҷонро бароварда месозад ва дар коҳиши осебпазирии мардум нақш мебозад. Федератсияи байнулмилалӣ тамоми фаъолиятҳои худро бидуни ҳеҷ назаркарде ба миллият, нажод, ҷинс, дин, мавқеъи иқтимоӣ ва нигоҳҳои сиёсии мардуми ниёзманд ба роҳ мондааст. Барои маълумоти бештар дар бораи фаъолиятҳо мо ба торнамои www.ifrc.org биравед ва ё бо мо дар Facebook, Twitter, YouTube ва Flickr ҳамроҳ бишавед.

Зимнан, ФБҶ СС ва ҲА намояндагии пайвастаи худро дар Тоҷикистон дар соли 1994 ташкил дод, то бевосита ба осебпазиртарин қишрҳои аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ин кишвар ёрӣ бирасонад. Дар оғоз барномаҳои Федератсия дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ироаи ғизо ба аҳолии осебпазир ва маводи тиббӣ ба ниҳодҳои беҳдоштӣ тарҳрезӣ шуда буданд. Сар аз соли 2004, Федератсия барномаҳои худро тавсеа дод ва ба феҳраси барномаҳои худ лоиҳаҳое оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва вокуниш ба онҳо, ёрӣ ба аҳолии ниёзманд, ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа ва чорабиниҳои марбут ба саломатии ҷомеа, об ва беҳдоштиву вогиршиносӣ ва рушди созмониро илова намуд. Ин ибтикорҳо дар ҷараёни чандин фаъолиятҳои фаврӣ пас аз вуқӯъи офатҳои табиӣ  рӯидаст гирифта шуданд. Намояндагии Федератсияи байнулмилалӣ дар Тоҷикистон ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар тарҳрезӣ, иҷроиш ва мониторинги барномаҳо ёриҳои фанниву машваратӣ мерасонад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз нахустин созмонҳои ёрирасон ва башардӯстона дар кишвар буда, аз соли 1927 ба ин сӯ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ ва мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад. Дар ҳоли ҳозир, аз ҷониби ҶҲАТ беш аз 20 барнома дар соҳаҳои беҳдоштӣ, коҳиши хатарот аз офатҳои табиӣ ва рушди созмонӣ бо пуштибонии молии Федератсияи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъиятҳои Салиби Сурхи кишварҳои аврупоӣ амалӣ мегарданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!