Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:32

Ду муҳоҷири тоҷик аз оташсӯзии «Карина»-и Маскав осеб диданд

13 март 2012, 06:49

Бар асари як оташсӯзӣ дар мағозаи “Карина” дар шаҳраки Белопесотскийи ноҳияи Ступнаи Маскав 2 шаҳрванди Тоҷикистон осеб бардоштанд.


Шоҳназари Шоҳмурод, зодаи ноҳияи Фархор ва Ҳасанов Сангалӣ, сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон бинобар беэҳтиётӣ дучори чунин ҳодисаи нохуш шудаанд. Тавре маркази матуботи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ медиҳад, бино ба маълумоти телефонии Сангалӣ Ҳасанов, баъди сар  задани сӯхтор онҳо аз рӯи кунҷкобӣ ба сӯи мағозаи оташгирифта давида, вориди он шудаанд. Дар ҳамин маврид таркиш ба вуқӯъ пайваста, онҳо чароҳат бардоштаанд. Феълан, вазъи шаҳрвандони Тоҷикистонро табибон миёнаи мӯътадил арзёбӣ кардаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳодисаи мазкурро таҳти назорат қарор дода, ба шаҳрвандони Тоҷикистон омодаи расонидани кӯмаки лозима мебошад, хабар медиҳад маркази матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!