Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:40

SОS:Хисороти барф ба сокинони Саричашмаи Шӯрообод ва Қарағочи Восеъ

13 март 2012, 07:07

Бар асари боришоти пай дар пайи чанд рӯзи ахир 15 хонавода дар рустои Қарағочи ноҳияи Восеъ ва 2 оила дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод зарар дидаанд.


Тавре Ҳамрохон Алиев, раиси ҷамоати деҳоти Саричашмаи Шӯрообод ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, феълан дар ин минтақа аз боришоти зиёд кӯҳҳое, ки дар ду тарафи хонаҳои истиқоматӣ қарор доранд кафидаанду дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Номбурда мегӯяд, истиқоматкунадагони хонаҳоеро, ки зери обу лой ва кӯҳпора мондаанд, ба хонаи хешовандонашон кӯчонидаанд: «Ҳоло 25-30 хонаи дигар дар ҳолати садамавӣ мебошанд, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда омада ин ҳолатро диданду гуфтанд, ки сари ин мушкилот чораҷӯӣ мекунем, мардум шабу рӯз дар ҳолати тарсу ваҳм мебошанд, ки ин замон ё замони дигар хонаҳояшонро кӯҳҳои кафида зер мекунад».

Дар ҳамин ҳол, аз масъулини ноҳияи Восеъ касе ҳозир нашуд, ки масъалаи мазкурро барои хонандагони хабаргузории «Озодагон» шарҳ диҳад. Тамоси телефонии хабарнигор ҳам бенатиҷа анҷом ёфт.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!