Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:17

Гул Шералӣ ва Ҳусейн Сйал дурнамои ҳамкориҳои Душанбе ва Исломободро баррасӣ намуданд

13 март 2012, 10:17

Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мулоқти  Гул Шералӣ   бо Амҷад Ҳусейн Сйал, сафири ҷумҳурии Исломии Покистон  дар Тоҷикистон баргузор гардид.


Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаи ҷараёни корҳо дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар бахши татбиқи лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент, густариш ва фаъол намудани ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000», ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои саноати маводи сохтмон, саноати сабук, нассоҷӣ ва саноати хӯроквориро мавриди баррасӣ  қарор додаанд. Дар ин нишаст вобаста ба  таърихи баргузории ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон гуфта шудааст, ки айни замон  он барои мувофиқа ба ҳукумати ҷумҳурии Исломии Покистон  ирсол гардидааст.

Маврид ба ёдоварист, ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматӣ 28-уми феврали соли 2011 дар Душанбе барпо гардида буд ва баргузории ҷаласаи  навбатӣ дар шаҳри Исломободи Покистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷараёни ин ҳамоиш ҷониби Тоҷикисон ва Покистон дар маҷмӯъ аз  натиҷаҳои муносибатҳояшон изҳори  қаноатмандӣ намуда, қайд намуданд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои зикргардида  минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!