Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:03

«Лимит»-и барқ ба Душанбе ҳам таҳдид мекунад?

13 март 2012, 10:46

Бино ба қавли масъулини ширкати "Барқи тоҷик" эҳтимоли ҷорӣ кардани лимит ё худ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар пойтахти кишвар мавҷуд аст.


Манбаъ сабаби аслии ин тасмимро ба «нобаҳангом» паст шудани ҳарорати ҳаво ва поён рафтани ҳаҷми об дар рӯдхонаи  Вахш рабт медиҳад.
Зимнан, дар баёнияи «Барқи тоҷик» омадааст, ки бо назардошти вазъи ба амаломада ва дар сурати идома ёфтани хунукӣ (сардӣ) лозим меояд, ки дар тамоми кишвар реҷаи махсуси таъминоти нерӯи барқ ҷорӣ карда шавад.

Гуфта мешавад, ҳарчанд ин тасмим аксари сокинонро дилгиру асабонӣ мекунад, вале ширкат дар ҳалли он чораи дигаре надорад:"Маҳдудияти нерӯи барқ ногуворӣ ва душвориҳои зиёд меорад, бисёриҳоро асабиву дилгир мекунад, вале афсӯс алҳол фақат ҳамин қадар имконияту шароит дорем".

Бино ба иттилои расида, реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар даҳ рӯзи ахир шадидтар шуда, дар ҳоли ҳозир барқе, ки ба манотиқи Тоҷикистон дода мешавад, 20 дарсад нисбат ба аввали моҳи март камтар мебошад. Маҳдудияти шадиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, сар аз моҳи апрел нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ бист дарсад боло рафта, ба 11 дирам хоҳад расид. Минбаъд сокинони кишвар ба ҷойи 9 дирам барои як киловат соат 11 дирам пардохт хоҳанд кард.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!