Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:38

Ҷамшед Норинов ба ҳайси муовини раиси вилояти Суғд ба кор шурӯъ кард

13 март 2012, 11:49

Имрӯз дар Хуҷанд таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва бо иштироки муовинони раиси вилоят, роҳбарони раёсатҳо ва мудирони шӯъбаҳои дастгоҳи иҷроияи раиси вилоят ҷаласаи корӣ баргузор гардид.


Дар он Расулзода қарорашро дар бораи муовини раиси вилояти Суғд таъин шудани Норинов Ҷамшед Нурмаҳмадович қироат намуда, ӯро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Зимнан, раиси вилоят ба Ҷамшед Норинов дар фаъолияти кориаш ба ҳайси муовини Раиси вилояти Суғд барору комёбӣ таманно кард.

PS: Норинов Ҷамшед Нурмаҳмадович 14 декабри соли 1960 дар шаҳри Қӯрғонтеппа тавллуд ёфтааст. Соли 1983 донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро дар шӯъбаи молия ва баъдан дар идораи молияи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон дар вазифаҳои роҳбарикунанда оғоз намудааст. Аз декабри соли 2006 то моҳи марти соли 2012 ба ҳайси муовини Вазири молияи Ҷумҳури Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tojik

  • 31 октябр 2013 11:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
70-sol raisoni shahru viloyatu nohiyahoi hamai tojikiston maxsus kulobu hisoru vahdatu kurgontepa leninoboti budand.charo raisoni hukumati sugdro az hisoru kulobu vahdat mamemonand???

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!