Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:31

Беш аз 4 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон зарар расидааст

13 март 2012, 12:06

Офатҳои табиӣ ба бахши кишоварзию чорводорӣ 4,3 миллион сомонӣ хисорот ворид кардааст ва аз ин бештар шудани зарар аз эҳтимол дур нест.


Ин нуктаро Сиҷоуддин Исроилов, муовини вазири кишоварзӣ зимни як нишасти вижа, ки имрӯз дар вазорати кишоварзӣ доир ба ин мавзӯъ сурат пазируфт, изҳор дошт. Номбурда қайд кард, ки сард омадани тирамоҳи соли гузашта ва зимистони имсола ба соҳаи кишоварзӣ махсусан дар рушди соҳаи чорводорӣ ва растанипарварӣ таъсири манфӣ расонид: «Номусоидии боду ҳаво ба ба кишти тирамоҳӣ ва баҳории зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо низ то андозае хисороти молиявӣ расонид. Зарари пешакӣ ба 350 гектар замин расидааст, ки маблағи 2 миллиону 403 ҳазор сомониро дар бар мегирад».

Ҳамзамон, Сиҷоуддин Исроилов гуфт, ки дар майдони 14 гектар кишти пиёзи барвақтӣ ва 1, 21 гектар лиму талаф ёфтааст. Дан ноҳияи Файзобод 58 тонна ва дар ноҳияи Рашт 69 тонна картошкаи тухмӣ аз хунукӣ нобуд шудааст. То ин муддат дар ҷумҳурӣ 121 сар чорвои калон, аз ҷумла 68 сар қӯтос, 4415 сар гӯсфанду буз, 106 сар асп ва 2500 оилаи занбури асал талаф ёфтаанд. Хисороти расидаи офатҳои табии ба соҳаи кишоварзию чорводорӣ то имрӯз ба 4,3 милион сомонӣ расидааст ва аз ин ҳам зиёд шуданӣ хисорот аз эҳтимол дур нест. Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои табиӣ бо фармони вазири кишоварзӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки феълан ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафарбар гардида бо мутахассисони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолия намуда истодаанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!