Бахшҳо

Наврӯз дар донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир таҷлил гардид

Дар Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир бо иштироки сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ҷашни Наврӯзӣ барпо гардид. Тибқи иттилои ВКХ-и Тоҷикистон ин чорабинӣ бо ташаббуси Анҷумани Осиёи Марказии Донишгоҳи Кембриҷ ташкил карда шуда, аз ду қисм иборат буд: мизи мудаввар ва барномаи фарҳангӣ. Дар мизи мудаввар таҳти унвони “Имкониятҳои нав дар Роҳи Абрешим” Сафири   Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эркин Қосимов ҳозиринро бо имконоти Тоҷикистон дар эҳё ва рушд ёфтани Роҳи Абрешим шинос намуд. Аз ҷумла, маълумоти муфассал оид ба имкониятҳои ҷойдоштаи Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, хатҳои интиқоли барқ пешкаш гардид. Манбаъ афзуд, дар оғози барномаи фарҳангӣ Сафири Тоҷикистон китоби “Tajikistan – 20”-ро, ки аз номи президенти Тоҷикистон барои китобхонаи Донишгоҳи Кембриҷ ирсол гардида буд, ба намояндаи донишгоҳи мазкур тақдим кард. Сипас, намояндагони ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ, ки аксари онҳоро донишҷӯён ташкил медоданд, бо барномаҳои консертӣ баромад намуданд. Дар ҳошияи чорабинии мазкур Сафорат стенди наврӯзӣ орост. Маврид ба ёдоварист, 24 марти соли 2012 Сафорати Тоҷикистон маъракаи идонаи худро бахшида ба Наврӯз дар Лондон мегузаронад.  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)