Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Қазоқистон намояндагиашро мекушояд

14 март 2012, 07:41

Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон бо Оғибой Смагулов, сафири ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон мулоқот кард. Тавре аз хадамоти мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, зимни ин нишаст масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва кушодани дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Қазоқистон баррасӣ гардид.   Манбаъ афзуд, дар ин нишаст ҷонибҳо масоили марбут ба бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон, ташкили комиссияи корӣ оид ба созишномаҳои қаблан имзошударо дар  бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва таълиму тарбияи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар омӯзишгоҳҳои касби- техникии Қазоқистон матраҳ намуданд.   Ҷониби Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ин ҳамоиш изҳор доштанд, ки омодаанд ба таҳкиму рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳар ду кишвар дар бахши муҳоҷират кӯмак расонанд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!