Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Беҳтарин роҳбари мактаби олии Тоҷикистон дар соли 2011 муайян шуд

14 март 2012, 05:15

Ректори  донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, профессор, Файзалӣ Комилов ғолиби озмуни «Беҳтарин роҳбари мактаби олӣ дар соли 2011» дониста шуд. Тавре ба хабаргузории Озодагон аз вазорати маориф иттилоъ доданд, озмуни мазкур тибқи қарори ҳакамони Ассотсиатсияи байналмилалии соҳибкорон ва Маркази ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии соҳибкорони Тоҷикистон- «Идеал» бахшида ба 20- солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ташкил шуда буд. Зимнан, дар ҷаласаи васеи мушовараи вазорат Нуриддин Саидов, вазири маориф, мудири шӯъбаи илм ва маорифи дастгоҳи иҷроияи президент Абдулҳамид Нозимов ва ректорони мактабҳои олии Тоҷикистон ширкат доштанд.Тибқи иттилоъ, дар ин нишаст Нуриддин Саидов дипломи фахрии «Беҳтарин ректори мактаби олӣ дар соли 2011»-ро ба ба Файзалӣ Комилов супорид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!