Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:05

Обама аз Афғонистон «ақибнишинӣ» мекунад

14 март 2012, 09:35

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико ҳодисаи кушта шудани 16 шаҳрванди Афғонистон аз ҷониби як афсари низомии Амрикоро  аз мавзӯҳое хонд, ки ба ақибнишинии сарбозони ин кишвар аз онҷо суръат мебахшад.

Номбурда зимни як мусоҳибаи худ бо хабарнигорон рӯзи сешанбеи13-уми марти соли равон бо ишора бар ин ки ин ҳодиса ӯро водор месозад, то дар бораи бозгашти нерӯҳои низомии кишвараш тасмим бигирад, гуфтааст: «Муддати зиёде гузашт, албатта як даҳа. Усома ибн Лодинро куштем, Ал-қоидаро заиф кардем ва мавқеияти мо ниҳоят қавист».

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки бомдоди рӯзи якшанбеи 11-уми март як сарбози амрикоӣ дар ду рустои Қандаҳор 16 нафар, аз ҷумла, 9 кӯдакро ҳадафи тир қарор дод.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!