Бахшҳо
27 май 2011 13:06Сӯҳбати рӯз

Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз зиндон шикоят надорад…

Як рӯз қабл аз ин, Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари созмони ҷамъиятии «Переспектива+» аз ду зиндони Тоҷикистон дидан карда, ҳафтаи оянда бо вазъи маҳбаси занонаи шаҳри Норак ошно мегардад. Хабарнигори «Озодагон» дар робита ба ин бо хонум Бобоназарова ҳамсӯҳбат шуд.

Озодагон: Ҳадаф аз ин тасмими Шумо, яъне боздид аз маҳбасхонаҳо чӣ буд ва ин тасмим аз ҷониби кӣ гирифта шуд?

Ойниҳол Бобоназарова: Чанде пеш Изатулло Шарипов, сардори раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон ман ва журналист Парвина Ҳамидоваро наздаш даъват кард. Зимнан, мо аз ӯ хоҳиш кардем, ки бо вазъи зиндонҳои кишвар ошно шуданӣ ҳастем. Он кас розӣ шуда, имконият доданд, ки ба кадом маҳбасхона, ки хоҳед марҳамат, рафта бинед. Мо ба ду зиндон рафта, бо шарту шароит, вазъи нигаҳдории маҳбусон аз наздик ошно шудем.

Озодагон: Акнун бигӯед, ки вазъи зиндонҳо ва маҳбусонро чӣ гуна ёфтед?

Ойниҳол Бобоназарова: Мо бо шарту шароити кори онҳо ошно шуда, сари корашон сӯҳбатҳо доштем. Масалан, дидем, ки маҳбусон чӣ тавр сандуқи тӯёна тайёр мекунанд, самоворро чӣ тарз месозанд, мизу курсиро чӣ тавр омода мекунанд. Онҳоеро, ки додгоҳ ҷарима кардааст, бо воситаи ҳунарашон пул кор карда, ҷаримаашонро месупоранд. Ҷойи кор, хоб ва ошхонаҳои ин ду зиндон воқеан ҳам тозаву тамизшуда буданд. Мо ҳам бо онҳо ҳамроҳ шуда хӯрок хӯрдем. Биноҳое, ки ман панҷ сол пеш рафта дида будам, имрӯз ба куллӣ тағйир ёфтаанд. Барои маҳбусон майдонҳои варзишӣ бунёд кардаанд, ба замми ин зиндониён бо матбуоти даврӣ таъминанд, телевизор ҳам доранд. Ин барои мо хеле аҷиб буд. Бояд қайд намоям, ки ин қадамҳои аввалини ташкилот аст, ки ба ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва журналистон роҳро  кушод.

Озодагон: Оё маҳбусон дар мавриди мушкилоташон ба шумо чизе нагуфтанд?

Ойниҳол Бобоназарова: Дар бораи ягон мушкилоти ҷиддӣ маҳбусон чизе нагуфтанд. Аслан мо бо онҳо сӯҳбати хоса надоштем, чаро ки сардори раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия Изатулло Шарипов моро ҳамроҳӣ мекард. Таври маълум, зиндониён дар назди сардорашон на ҳама гапро мегӯянд. Мақсади мо ҳам дар қадами аввал фақат дидани  шароити  зиндагии онҳо ва чӣ тавр гузаштани вақти холиашон буд. Муҳим он аст, ки барои мо дарро кушоданд ба рӯямон. Мо бо он нафароне, ки ҷиноят содир  карданд, кормандони собиқи прократура, милиса ва ҷангиёни собиқ, шахсиятҳои сиёсӣ сӯҳбат доштем.

Озодагон: Мушахассан гуфта метавонед, ки киро дидед?

Ойниҳол Бобоназарова: Масалан, мо бо Маҳмадрӯзӣ Искандаров, райиси ҳизби демократии Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шудем. Аз он кас пурсидем, ки дар зиндон чӣ мушкилот доранд? Искандаров гуфт, дар ин ҷо ҳеч мушкилӣ надорам, танҳо мушкилӣ бо додгоҳу мақомоти салоҳиятдор ҳаст…

Озодагон: Бардошту натиҷагирии шумо аз ин боздид чӣ аст ва тасмими баъдии шумо чӣ хоҳад буд?

Ойниҳол Бобоназарова: Барои мо аслан ин давраи якум буд, аз ин рӯ на ҳама масъалаҳоро бардоштем. Мақсади мо фақат шиносоӣ бо вазъи маҳбусон ва зиндонҳо буд. Изатулло Шарипов, сардори раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия ба  мо ваъда дод, ки ҳамкориро аз ин ба баъд тақвият медиҳем. Яъне, ба ҳамкорӣ омодаанд. Ӯ бо мо суҳбати озод дошт, интиқоди маҳбасхонаҳоро рад намекард, танҳо илова кард, ки чизҳои хуб ҳам бисёр аст, онҳоро нодида гирифтан намешавад. Акнун боздиди мо тамом нашудааст, аз ин рӯ хулоса карда наметавонам. Ҳафтаи оянда ба Норак сафар дорем, он ҷо бо вазъи зиндони занона ошно мешавем. Пас аз бозгашт тасмими баъдиямро бароятон мегӯям.{jathumbnail off}

Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)