Маҳмуди Аҳмадинажод, райисҷумҳури Эрон барои ширкат дар ҷашни байнулмилалии Наврӯз ба Тоҷикистон меояд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ-и кишвар иттилоъ доданд, боздиди президенти давлати исломӣ дар арафаи ин ид сурат мегирад.Маврид ба ёдоварист, чанд рӯз қабл, Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири хориҷаи Эрон дар ба Тоҷикистон ҳузур дорад, ки барномаи сафари Аҳмади Нажодро бо намояндагони расмии кишвар мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Қарор аст, дар ҷашни байналмилалии «Наврӯз» роҳбарони кишварҳои ҳамсоя низ ширкат варзанд.
Бояд гуфт, соли гузашта дар дуюмин ҷашни ҷаҳонии «Наврӯз» роҳбарони чанд кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистону Эрон, Покистону Ҳиндустон, Ироқу Туркманистон ва Қазоқистон дар шаҳри Теҳрон ба мувофиқа расида буданд, ки соли 2012 ҷашни байналмилалӣ “Наврӯз” дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор гардад.
Мӯҳр