Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:02

Таълифу таблиғи асарҳои илмӣ дар бораи Наврӯз вазифаи муҳаққиқон аст

15 март 2012, 04:54

"Наврӯз - ҷашни байналмилалӣ".

Таҳти чунин унвон Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Бунёди байналмилалии забони форсӣ дар Тоҷикистон конфронси донишмандони форсизабонро баргузор кард.Тибқи иттилои расида, дар ин нишаст ширкатдорон дар мавзӯҳои мухталиф, аз ҷумла "Диди нав ба Наврӯз", "Нақши Наврӯз дар ҳамгироӣ", "Наврӯз дар Афғонистон", "Тараннуми баҳору Наврӯз дар шеъри шоирони асри 12" ва ғайра суханронӣ карданд.

Бино ба қавли масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот ҳар расму ойин, ки мероси фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, посдори забон низ ҳаст.Ба ин хотир, ин кумита дар ҳамкорӣ бо Бунёди забон ҳаштод донишманд ва муҳаққиқ аз Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро дар ин ҳамоиш гирдиҳам овардааст.

Маврид ба ёдоварист, ширкатдорони ҳамойиши мазкур, ки дар миёни онҳо намояндагони сафоратхонаҳои Эрон ва Афғонистон низ буданд, таъкид карданд, ки вазифаи олимон таҳияи китобҳо дар бораи таърих ва пайдоиш ва ҷанбаҳои иҷтимоъӣ ва инсонпарваронаи Наврӯз аст, ки бояд бештар таълиф шаванд ва ба забонҳои мухталифи дунё тарҷума шаванд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!