Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:10

Истеҳсол ва фурӯши тамоку маҳдуд мегардад.

28 май 2011, 04:34

Агентии Тоҷикстандарт назоратро аз болои молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар дар танҳоӣ амалӣ карда наметавонад

Бино бар ин бо иштироки як қатор ниҳодҳои дигар, аз қабили вазорати энергетика ва саноат, агентии сохтмон ва меъморӣ, вазорати тандурустӣ ва хадамоти байторӣ дар ниҳоди мазкур шӯрои  ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид. Ба иттилои маркази матбуотии агентии Тоҷикстандарт зимни баргузории ин шӯро масъалаи ҷилавгирӣ аз касалиҳои  ҳайвонот гузаранда, маҳдуд намудани истеъмол ва фурӯши тамоку, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи қонунҳои амалкунанда баррасӣ гардиданд. Масъулин иброз доштанд, ки  вазоратхонаҳо низ дар баробари агентӣ метавонанд дар назорати сифат ва бехатарии молу маҳсулот мусоидат кунанд, то минбаъд кору фаъолият аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанда шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!