Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:47

Тоҷикстандарт: Картошкабирёни СМАК ба талабот ҷавобгӯ нест

15 март 2012, 06:33

Агентии Тоҷикстандарт зимни гузаронидани назорати давлатӣ дар мағозаю бозорҳои кишвар миқдори зиёди маҳсулоти ғайристандартиро ошкор намуд.


Тавре аз ин ниҳоди давлатӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, маҳсулоти мӯҳлаташон гузашта, асосан аз гӯшту консерваҳо-5000 киллограм, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ-100 литр, картошкабирёни тамғаи СМАК 5400 дона иборат буда, баъди ошкор шудан аз муомилот гирифта шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 1,5 тонна ҳасиби истеҳсоли ҷумҳурии Ӯзбакистон, ки бе ҳуҷҷати нишондиҳандаи сифат вориди Тоҷикистон шуда буд, ошкор гардид: « Аз тарафи мутахассисони Маркази дар вилояти Хатлонбудаи Тоҷикстандарт 30 тонна намаки ошӣ, бо сабаби риоя нашудани миқдори йоднокиашон ғайристандартӣ дониста шуд. Дар ин самт, зимни гузаронидани як санҷиш дар сехи истеҳсоли орд, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат маълум шуд, ки тартиби истеҳсол, таҳвил ва кору хизматрасонии сехи мазкур ба талаботи санадҳои меъёрӣ ҷавобгӯ нест. Дар ин замина, ба истеҳсолкунанда санади манъи фурӯш дода шуд».

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!