Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:54

Дурӯғи низомиёни амрикоӣ дар бораи қатли 17 афғонистонӣ дар Қандаҳор

15 март 2012, 11:23

Низомиёни амрикоӣ дар бораи ҳодисаи ахире, ки дар Афғонистон мунҷар ба марги 17 нафар гардид, иттилои бепоя ва дурӯғ медиҳанд. Дар ин бора ба «PressTV» Гордон Дафф, сармуҳаррири расонаи «Today veterinary» хабар додааст.

Аз сӯи дигар кумитаи таҳқиқи Афғонистон, ки чанде қабл барои баррасии ин ҳодиса аз ҷониби парлумони кишвар ташкил шуда буд, эълон намудааст, ки дар ин куштор зиёда аз  20 сарбози амрикоӣ даст доштаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки низомиёни амрикоӣ бо исрор мегӯянд, ин амал танҳо аз ҷониби як сарбоз анҷом дода шудааст.

Бар асоси як гузориши расонаи мазкур, сарбозони амрикоӣ  тавассути нақлиёти низомӣ ба ин русто омаданд.

Дар ҳамин ҳол ба  «The New York Times» рустоёни афғон гуфтаанд, ки сарбозон 11 ҷасадро, ки миёни онҳо 4 духтараки ноболиғ  низ буд, рӯйиҳам андохта оташ заданд. Гордон мегӯяд: «Ҳеч сарбозе наметавонанд, худсарона ва бе иҷозаи сарфармондеҳони худ пойгоҳи низомиро тарк кунад, аз ҷумла бо мошини ҳарбӣ». Ӯ ҳамчунин таъкид бар он намуд, ки сарбозон миқдори кофӣ аз сузишвориро бо худ доштаанд, то ки тавонанд ҷасадҳоро оташ бизананд.

Раҳбарони қабилаи Қандаҳор аз мақомоти Афғонистон ва Ҷомеаи байналмилал талаб намудаанд, ки ин қазияро таҳқиқ кунанд ва дастандаркорони онро дар як додгоҳи ин кишвар ба муҳокима кашанд. Ин дархостро низ мақомоти қонунгузори афғон  ҷонибдорӣ кардаанд.

Тибқи иттилои манбаъ,  гурӯҳи «Толибон» ваъда додаанд, ки интиқоми сахте аз нерӯҳои низомии Амрико барои ин амали фоҷиаангез хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, дасти кам 20 тан аз сарбозони нерӯҳои амрикоӣ субҳи рӯзи якшанбе, 11-уми март дохили ду рустои вилояти Қандаҳори Афғонистон гардида ба сӯйи мардуми ин минтақа тир меандозанд, ки дар натиҷа 16 нафар, аз ҷумла, 9 кӯдак ба ҳалокат мерасанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!