Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:52

Тренинг барои журналистон. Пешгирӣ ва назорати маризии сил

15 март 2012, 11:44

Дар меҳмонхонаи мавсум ба «Меркурий»-и Душанбе тай иду рӯзи оянда, 16 ва 17-уми март  давраи омӯзишии амалӣ барои рӯзноманигорон таҳти унвони «Инъикоси масоили пешгирию назорати бемории сил ва шаклҳои гуногуни он дар ВАО» доир мегардад.

Тавре Сурайё Одинаева, ҳамоҳангсоз оид ба сафарбаркунии иҷтимоии Лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар он 15 корманди садою симо, хабаргузорӣ ва нашрияҳои даврии ш.Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ ширкат меварзанд.

 

Гуфтанист, тренинги мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустии ҶТ ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» бо дастгирии Лоиҳаи USAID «Муошират оид ба ВНМО ва сил», Лоиҳаи ҲОУП ва Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД), сил ва табларза созмон дода мешавад.

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамойиши таълимӣ ба рӯзноманигорон омӯзонидани инъикоси касбии масоили шаклҳои мутобиқгаштаи бемории сил ва ВНМО/сил дар ВАО мебошад. Зимнан такмили малакаи журналистон дар таҳияи касбии маводи чопию онлайнӣ, радиоӣ ва телевизионӣ оид ба ин мавзӯъ ва баррасии ҷанбаҳои ҳуқуқию ахлоқии инъикоси он дар ВАО, инчунин густариши ҳамкории рӯзноманигорон бо Вазорати тандурустии ҶТ, Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил ва созмонҳои ҷамъиятию байналмилалие, ки дар ин бахш кор мекунанд, дар назар аст.

Дар ҷараёни тренинг боздиди омӯзишӣ аз Беморхонаи ҷумҳуриявии зиддисилии «Шифо» («Мачитон», воқеъ дар ш. Ваҳдат) ва мусоҳиба бо масъулону пизишкони дармонгоҳи мазкур барномарезӣ шудааст. Дар ҷамъбаст иштирокдорони давраи омӯзишии амалӣ дар заминаи иттилооти аснои тренинг ва боздид аз дармонгоҳ гирдовардаашон матолиби чопию онлайнӣ, радиоӣ ва телевизиониро таҳия карда, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!