Бахшҳо

Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва нақши он дар таҳкими ҳуқуқи инсон

Таҳти чунин унвон имрӯз дар ВКД-и Тоҷикистон ҳамоиши вижа таҳти сарварии вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимов сурат пазируфт.

Номбурда аснои суханрониаш аз ҷумла гуфт, имрӯз дар назди кормандони мақомоти ҳуфзи ҳуқуқи кишвар бисёр проблемаву масъалаҳое мавҷуданд, ки ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ сахт алоқаманданд.

Ҳамзамон, раиси Суди Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев, мудири  шўъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи президенти Абдусаттор Раҷабов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов, муовини аввали прокурори генералии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳаммадиев, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов ва дигарон баромад намуда, ин мавзўро муҳим, муфид ва рӯзмара донистанд.

Ҳамчунин, дар конференсияи мазкур китоби тозаэҷоди таълимии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ Рамазон Раҳимов ба ҳозирин муаррифӣ карда шуда, қайд гардид, ки он беҳтарин дастури амалӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, донишҷўёни бахши ҳуқуқшиносӣ ва бевосита кормандони бахши оперативӣ мебошад. Дар идомаи конференсияи илмӣ проблемаҳои актуалии амалияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ, принсипҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, хусусияти пешниҳод кардани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ва суд баррасӣ гардида, иштирокчиён фикру ақидаҳои худро дар ин мавзўъҳо иброз доштанд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)