Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:42

Аҳзоби сиёсии Суғд масоили экологияро ба баррасӣ гирифтанд

16 март 2012, 03:41

Масоили марбут ба ҳифзи муҳити зист дар дафтари намояндагии САҲА дар шимоли кишвар баррасӣ гардид.


Тавре хабарнигори маҳаллии Озодагон аз шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ин маҳфил бо ширкати масъулини аҳзоби сиёсӣ ва коршиносон сурат пазируфта, дар мавриди муаммоҳои экологӣ табодули афкор намуданд.

 

Зимнан, сарвари маркази «Ҷомеаи шаҳрвандӣ»-и вилоят М.Ҳорисова иштирокчиёнро хайра мақдам гуфта, бо барномаи маҳфил ошно сохт. Сипас,  роҳбари дафтари намояндагии САҲА дар шаҳри Хуҷанд хонум Келси Харрис Смит  иштирокчиёни маҳфилро даъват намуд, ки ба истиқболи рӯзи Замин ҷиҳати саҳмгузории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дастгирии ташаббусҳои наҷиби иқтисодиву экологӣ фаъол бошанд.Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд О. Каримов даставвал перомуни муаммоҳои доғи глобалӣ –тағйирёбии иқлим, масъалаҳои партовгоҳҳои радиоактивӣ, тозагии муҳити зист, боло рафтани  сатҳи обҳои зеризаминӣ ва ҳам такмили маърифати экологии аҳолӣ маърӯза кард.

Ҳамчунин, роҳбарони ташкилотҳои  ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсии вилоят аз ҷумла Н. Маликисломов,  И. Ёқубов, Д.Самадова, Т.Исмоилов, И.Зокиров  ва дигарон бо дарки муҳимияти масъалаҳои экологии омодагии хешро дар дастгирӣ ва баргузор намудани аксия –чорабиниҳои ба ҳифзи муҳит равонагашта баён доштанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!