Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:02

Ҳалокати ду сокини деҳаи Такфони Айнӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок

16 март 2012, 04:26

Бар асари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок  ду сокини як рустои ноҳияи Айнӣ зер барф монда, ҷони худро аз даст доданд.


Тавре Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории Озодагон  иттилоъ дод,субҳи имрӯз тахминан соати 04:00 дар километри 79 ва 83 шоҳроҳи Душанбе-Чанок бар асари фаромадани тарма, сокинони деҳаи «Такфон»-и  ноҳияи Айнии вилояти Суғд зери тарма монда, ба ҳалокат мерасанд. Ҷасади ҷабрдидагон пас аз се соат аз зери тарма дарёфт гардидааст.

Манбаъ илова намуд, ки феълан ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ағбаҳои Анзоб, Хобу Рубот ва Шаҳристон муваққатан маҳкам шудааст. Дар километри 765-уми роҳи Хоруғ-Мурғоб низ аз сабаби фаромадани тарма роҳ мувақкатан баста аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!