Бахшҳо
16 мар 2012 04:24Адабиёт

"Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест"

Дар Амрико ҳалол варшикаста аст...

(идома аз шумораи гузашта)
Вақте қисмати аввали хотироти парешони сафар ба Амрикоро барои нашр омода мекардам, таъкиде доштам, ки бардоштҳои ману ҳамраҳонам аз ин сафари сеҳафтаӣшояд дар чорчӯби яку ду мақола нагунҷад. Ҳамчунин дар ниҳояти он қисмат ваъдаи омода ва нашри идомаи сафаргуфтаро дода будам. Ҳоло бо арзи пӯзиш ба хонандагони азиз иқрор мекунам, ки ба иллати пеш омадани як сафари дигар ва масруфиятҳои зиёд натавонистам сари вақти ваъдагӣидомаи матлабро барои нашр таҳия кунам.

Рӯдакӣ бартар аз Пушкин
Даъвати меҳмон ва ӯро ба хотири надонистан, саҳеҳтараш комил надонистани як забон дар ҳолати ногувор қарор додан шояд хостаи қалбии амрикоиҳо набошад. Гузашта аз ин иддаои пинҳону ошкори амрикоиҳоро барои рақобат бо Русия дар минтақа ба инобат гирем, ин андоза аз русӣвобаста будани амрикоиҳо дар муносибат бо мардуми собиқ шӯравиро метавон сустии бунёди ин иддаои онҳо донист. Шояд пазиришу ҳазми ин мавзуъ барои дӯстон дар он сӯи уқёнус осон набошад, аммо чӣметавон кард, ки воқеият чунин аст. Онҳо хоставу нохоста худро ба забони русиву русҳо вобаста кардаанд. Суҳбат сари мусбат ё манфӣбудани ин ҳолат нест, балки баёни воқеият асту бас.
Боре чанд дар ин маврид гуфтаам ва ҳоло боз таъкид мекунам, ки банда ба ҳар гуна зуҳури нажодпарастии кӯр мухолифам. Аммо ин амр барои ман дар дӯст доштани миллатам як зарра халал намерасонад. Ба иборати як каме шоирона бигӯям, ман шеъри Пушкинро дӯст дорам, аз ашъори Есенин хушам меояд, романҳои Достоевскийро гаштаву баргашта хондан мехоҳам. Аммо барои ман ҳамеша Рудакӣдар авлавият будаву ҳаст. Ман осори Фирдавсиро наметавонам ба навиштаҳои хеч кас иваз кунам. Хеч шоире мисли Ҳофизу Хайём наметавонад барои ман азиз бошад. Аз ин назар мизбонҳои амрикоии моро лозим буд, ки тарҷумони тоҷик меёфт. Албатта дар посух ба изҳори норизоияти мо гуфтанд, ки тарҷумони тоҷик наёфтанд. Аммо Умеди Бобохон мегуфт, ки чандин тарҷумони тоҷикро мешиносаду метавонист онҳоро барои Вазорати хориҷа ё ҳар ниҳоди дигари Амрико, ки ба тарҷумони тоҷик ниёз дорад, муаррифӣкунад. Аммо шояд Вазорати хориҷаи Амрико намехост, ки шахси бегона ё фарди насанҷидаро ба мо ҳамроҳ кунад. Зеро мушоҳида мешуд, ки ин тарҷумонҳо фақат масъулияти тарҷумонӣба дӯш надоштанд, балки қадам ба қадами моро гузориш мекарданд. Албатта онҳо дар ин бора ба мо чизе намегуфтанд ва мо ҳам вонамуд мекардем, ки аз чизе хабар надорем. Дар асл хабар доштем, ки гузориш медиҳанд, фақат намедонистем ба ки ё кадом идора...

Дар Амрико ҳалол варшикаста аст

Дар Лос-анҷелос аввалин хотираи аҷиб пас аз ҷобаҷоӣдар меҳмонхона як пешниҳоди ғайримунтазираи тарҷумон буд. Леонид Сергеевич барои аввалин бор лутф карду гуфт, ки ҳатман бароямон ресторани хӯроки ҳалолро нишон медиҳад. Ин таъкид бар "ҳатман нишон додан" моро ҳайратзада кард. Охир таи ин чанд рӯзи ахир, ки тарҷумонҳо бо мо ҳамроҳ буданд, талош доштанд, то ба ҳеч ваҷҳ ба қавле аз доираи салоҳияташон берун нараванд ва фақат то соати муайян тарҷумон бошанду дигар ҳаволаи моро ба Худо кунанд. Ҳатто як ё ду бор дар баробари хоҳиши саризабонии моро ба ҷое ҳамроҳӣкардани тарҷумони мард - Леонид Сергевич тарҷумони зан - Лариса Осиповна изҳори нороҳатии ошкоро карду ӯро аз ин кор боздошт. Ба ҳар ҳол аз як сӯ пешниҳоди ресторани ғизоҳои ҳалолро нишон додани тарҷумон шодиовар буду аз сӯи дигар нишонии ин ресторанро дар барнома ворид кардани мизбонҳои гурӯҳи мо бештар боиси ризоияти мо гашт.
Ба ростӣяке аз мушкили асосӣбарои онҳое, ки риояи ҳалолу ҳаромро шарт медонанд, дар Амрико пайдо кардани ҷое мебошад, ки ғизои ҳалол мефурӯшад. Ин мушкил дар Вошингтон, Ню Йорк, Техас, Флорида, Минисота, хуллас дар ҳар шаҳру иёлати Амрико, ки будем, гиребони моро раҳо намекард.
Леонид Сергеевич моро тибқи роҳнамоие, ки масъули пазириши мо дар Лос-анҷелос барномарезӣкардааст, аз хиёбоне хеле пиёда бурд. Ба он нишоние, ки дар коғаз буд, расидем, аммо ин ҷо нишоне аз ресторани "Шамъ" наёфтем. Аз фурӯшандаи асбобҳои мусиқї, ки дар ин бино буд, пурсиданд, ки ресторани "Шамъ" куҷост? Гуфт: соле қабл варшикаста шуданду ресторанро ҷамъ карданд ва беш аз як сол аст, ки ин ҷо фурушгоҳи асбоби мусиқист.
Ҷолиб дар он ки на Вазорати хориҷа ё ҳамон департаменти давлатӣва на ширкате, ки корҳои пазириши меҳмонҳои департаменти давлати ба зиммаи ӯст, хабар надошт, ки ин ресторани хӯроки ҳалол як сол инҷониб аслан вуҷуд надорад ва дар камоли бемасъулиятӣбарои мо нишонии онро ба таври катбӣэълон кардаанд.
Дар зимн рӯзи дигар низ ҷустуҷӯи мо барои пайдо кардани ресторани ғизоҳои ҳалол аввал ба нокомӣанҷомид. Яъне дурӯғ ё ноогоҳии дигари масъулони барномарезии сафари мо ин буд, ки ресторани ҳалоли дигаре, ки нишонияшро дар барнома воридкарда буданд, шаш моҳ қабл фаъолиятро бас кардааст. Ба оҳанги нимшӯхиву нимҷиддӣмегӯям: зоҳиран дар Амрико ҳама ҳалолфурӯш варшикаста шудааст....

Роҳ ба Голивуд
Дар биное, ки супоридани ҷоизаи маъруфи Оскар баргузор мегардидааст, дар саҳни майдони тӯлонӣяк роҳи печ дар печеро рангрезӣкардаанд ва дар ҳар ҷо суханҳои ин ё он ҳунарпешаи машҳур сабт шудааст. Ҷолибтарин нукта он аст, ки дар поёни ин роҳи рангрезишуда як доирае ҳаст ва дар паҳлӯи доира ё ҳалқа як таҳти хоб гузоштаанд. Дар атрофи ин тахти хоби дунафара, ки рӯкаши сафеди чармӣдорад, ба ин мазмун навиштаанд, ки "оғози роҳи мо ба Голивуд". Ба ибораи фаҳмо бигӯем, роҳи ҳунарпешаҳо, ба вижа ҳунарпешаҳои зан ба Голивуд аз тариқи тахти хоб будааст. Ҳайратзада аз тарҷумон мепурсем, ки шояд ин рамз ё навишта фақат ба ҳунарпешаҳои зан рабт дорад, пас, ҳунарпешаҳои мард чї? Тарҷумон ба шӯхтабъӣмегӯяд: зиёд хушбовар набошед, охир байни онҳо низ мардҳо зиёд нестанд ва ин тахти хоб беҳтарин рамзи Голивуд аст...
Намедонам ин иқрори огоҳонаи ба ном ситораҳои Голивуд аст ё таблиғи зиндагии бебанду бор. Ба ҳар сурат тафаккури мани шарқӣҳам ин ва ҳам онро пазируфтан наметавонад. Вале рамзи муваффақият ва роҳ ёфтан ба ин ё он ришта аз тариқи тахти хоб ё ошкортар бигӯям бо роҳи фоҳишагариро ман таҳқири шарафи инсон медонам. Вале чи метавон кард, ки барои ин ҷомеа ва меъёрҳои арзишии он, мафҳуми шараф он гуна, ки мани шарқӣмешиносам, падидаи ношинос ва мавҳумест. Ин ҷо ба назар мерасад, ки манфиат ва даст ёфтан ба он аз ҳар роҳу василае нишони истеъдод ва тавоноии инсон арзёбӣмегардад.
Ин ҷо ёдам мерасад, ки ҳангоми дар Вошингтон буданамон роҳбалад дар яке аз маҳаллаҳои ободи пойтахти Амрико дар бунёд ва азнавсозии ин маҳалла нақши асосӣва таъинкунанда доштани лутиҳо ё ҳамон ҳамҷинсбозонро мисли як падидаи ифтихорбарангез бо шавқ нақл мекард...

Рузноманигорони Амрико ба халосгар зоранд
Профессори риштаи иртибототи Донишгоҳи Колифорния Антони Феллов дар суҳбат бо мо таъкид дошт, ки таи солҳои наздик рӯзнома аз шакли мактуб комилан ба шакли электронӣтабдил мешавад.
Донишгоҳи Колифорния таҳқиқоте анҷом дода ва тибқи хулосаи онҳо таи панҷ соли дигар панҷ рӯзномаи асосӣё саросарии Амрико зинда мемонаду бас. Шояд чанд соли баъд рузномаҳои миллӣтамоман аз байн раванд, аммо рӯзномаҳои маҳаллӣзинда мемонад, зеро тақозо ба хабари маҳали боқӣхоҳад монд. Расонаҳо бештар чандрасонаӣшудан доранд, ки ин дар асли худ талоши огоҳона ё ғаризаи барои бурунрафт аз вазъияти буҳронии расонаи мактуб мебошад.
Гузашта аз ин имконияти таҳқиқ дар сатҳи миллӣбарои рӯзномаҳо камтар шуда. Масалан таи чанд соли ахир рӯзномаи "Ню йорк таймс" дар мавриди вазъияти шаҳри Ню Йорк чанд таҳқиқоти журналистӣанҷом дода ва чанд мансабдор зиндонӣҳам шуданд. Аммо ин кор дар сатҳи миллӣанҷом намегирад. Зеро барои ин кор идораи нашрияҳо маблағ надоранд. Ҳамин вазъият боиси коста шудани нуфузи нашрияҳо ва бовари мардум ба онҳо гаштааст.
Дар ҳамин ҳол профессор Антони Феллов таъкид кард, ки огоҳии сиёсии мардуми Амрико хеле боло нест. Дар хеле маврид ҳатто намедонанд чаро ба ин ё он номзад райъ медиҳанд. Аз ин вазъият истифода ё сӯистифода кардани нашрияҳо низ боиси коҳиши эътимод ба онҳо гашта ва ин дар навбати худ сабаби рӯз аз рӯз кам шудани теъдод ва даромад гаштааст.
Аз сӯи дигар амрикоиҳо хабарҳои нохушеро мисли хабарҳои даргирӣдар Афғонистону Ироқ шунидан намехоҳанд. Беш аз ин баъди ду се моҳ аз ин гуна хабарҳо фосила мегиранд, яъне онро шунидану хондан намехоҳанд- гуфт профессор Феллов. Бо таваҷҷӯҳ ба ин иқрори коршинос суоле дар зеҳнам хутур мекунад: шояд сиёсатмадорони ин кишвар ин вижагии мардумашонро огоҳона истифода мебаранд, яъне медонанд, ки чанд моҳ баъд мардум дигар дар фикри ин воқеа намешавад. Лизо метавон ба ин ё он ҷо хуҷум кард, дар мавриди ин ё он масъала, ба вижа масъалаи байналмилал он тавр, ки манфиати доираҳои пулдор ва ширкатҳои азим тақозо мекунад, тасмим гирифт. Охир хоҳ-нохоҳ як ё ду моҳ бештар дар ин маврид сӯҳбат нахоҳанд кард ва мардум ҳам намехоҳад дар ин бора зиёд гуфта шавад.
Бар изофаи ин ҳама дар Амрико як усули аслии рузноманигорї, яъне беғаразӣзери таъсири бозори реклама метавонад қарор гирад. Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳо, ба вижа телевизион дар Амрико ҳатман аз ин ё он ҳизб ҳимоя мекунад. Дар телевизионҳо афроде коршиносӣмекунанд, ки аз ин ё он ҳизб ё дидгоҳ ҳимоя мекунанд. Таври мисол як яҳудии сионист ба исми Руперт Мердок хеле аз расонаҳоро соҳиб шуда, ки аз онҳо шабакаи телевизионии "Факс нюз" ва нашрияи маъруфи "Волстрит журнал"-ро метавон зикр кард. Расонаҳои Мердок дар масоили байналмилал аз манфиати Исроил ва дар масоили дохили Амрико аз мавзеъи ҷумҳурихоҳон ошкоро ҳимоя мекунад. Ин расонаҳо дар барномарезӣва тавҷеҳи ҳуҷум ба Ироқ дар зеҳни мардуми Амрико нақши ҳалкунанда доштааст. Имрӯз яке аз марказҳои асосии пахши хабарҳои бадхоҳона алайҳи Эрон ва барномаи сулҳомези ҳастаии ин кишвар мебошад.
Албатта дасисаҳои Мердоку ширкаташ барои шунидани сӯҳбатҳои телефонии раҳбарон ва мардуми чанд кишвари ғарбӣчанд моҳ пеш боиси сару садо ва норизоиятиҳои густарда шуд. Қисса кутоҳ рузноманигорони амрикоӣҳарчанд аз озодиву беғаразии ҳирфаӣсуҳбат мекунанд, дар асл гаравгони хостаҳо ва манфиати чанд тан пулдор ва соҳиби расонаҳо мисли Руперт Мердок ҳастанд. Аз ин дидгоҳ онҳо воқеан ба халосгар зоранд, ҳарчанд худашон иддао доранд, ки мушкилашон бештар молӣасту решаи онро дар бӯҳрони фарогири иқтисодӣдар ҷаҳон таи чанд соли гузашта меҷӯянд. Ба ҳар сурат ҳама аз мушкилоти пешорӯи матбуот мегуфтанд ва ба назар мерасид ҳама дар паи ёфтани роҳи наҷот ҳастанд. Аммо то ҳол ҳеч кас роҳи бурунрафт аз ин вазъияти буҳрониро пайдо накардааст, лизо ҳарчанд мушкилоти мову онҳо ба ҳам хеле наздик аст, ҳеч роҳкоре барои халос шудан аз ин мушкил натавонистанд ироа бидиҳанд ва талошҳои мо дар ин самти омӯзиши таҷрибаи расонаҳои амрикоӣбарои халосӣаз бӯҳрону таҳидиди нобуди комилан ба нокомӣрӯ ба рӯ гашт.

Беверли Хилс - маҳаллаи ситораҳо
Дар Лос-анҷелос маконҳои диданӣва хотираҳои фаромушношуданӣзиёд буд. Яке аз онҳо тамошои Беверли Хилс ё ҳамон маҳаллаи ситораҳои ҳунари Амрикост. Қабл аз рафтан ба ин маҳал тарҷумонҳо аз қасру кӯшки ситораҳои ҳунари Амрико, ки бештарашон дар Голивуд ҳунарнамоӣкардаву мекунанд, таърифи зиёде доштанд. Аммо вақте он ҷо рафтему бо чашми худ он кӯшку қасрҳои таърифиро дидем, шаҳомати ончунони надоштанашонро шоҳид шудем. Ба ростӣагар дарахтон ва бутаҳои ороишӣва тартибу тозагии кӯчаву атрофи ин қасру кӯшкҳои як, ду ва сеошёнаро сарфи назар кунем, қасру кӯшкҳо дар Душанбе чандин маротиба бошукӯҳу диданитаранд. Ин дар ҳолест, ки соҳибони қасру кӯшкҳо дар Беверли Хилс ситораҳои ҳунаранду соҳибони қасру кӯшкҳо дар ватани мо на танҳо ситора не, балки хелеҳояшон як ситора ҳам рӯи шонаҳояш надорад. Албатта дар байнашон баъзеҳо низ ҳастанд, ки рӯи шонаҳояшон як ё ду ситора доранд. Бо оҳанги шухии дардомез ба Рустами Ҷонӣмегуям: мо аз қасру кӯшкҳои бошукӯҳ доштани беситораҳову як- ду ситора рӯи шона доштаҳо дар кишвар ҳайратзада намешавему ин амрикоиҳо мехоҳанд бо қасрчаву кӯшкчаҳои ситораҳояшон моро дар ҳайрат гузоранд...

Ишғоли Волстрит идома дорад
Қариб дар ҳар шаҳри Амрико ҷонибдорони ҳаракати ишғоли Волстрит ҳамоиши эътирозӣдоштанд. Албатта намешавад иддао кард, ки шумори онҳо ва чодирҳояшон мисли давраи оғози ин ҳаракат аст. Гузашта аз ин ҳоло ҳавои сард ҳам нақши худро гузошта. Новобаста аз ин ҳама ҷунбиши ишғол ҳамчунон идома дорад. Ҷои таассуф дар он аст, ки ҳарчанд банда боре чанд изҳори хоҳиш кардам, ки дӯст дорам дар ҳар шаҳре аз ин чодирҳо ва фаъолони ҷунбиши ишғол боздид ба амал оварам, роҳбаладон бо нимтабассуми маснуъї, ки намедонӣаз пешниҳодат ҷонибдорӣмекунанд ё инкор, мегуфтанд, ки чӣфикри хуб аст. Вале дар тамоми шаҳр чунон барномарезӣмекарданд, ки натавонем бо фаъолони ҷунбиши ишғол мулоқот дошта бошем. Шояд ба ин натиҷа расидаанд, ки ҷунбиши мазкур мисли доғи нангест бар пешонаи демокросии Амрико ва исботи воқеии дурӯғ будани хеле аз иддаоҳои давлатмардони ин кишвар.

Оҳанги ғарибона
Замоне номаи Сиёвуш бо як даста шеърҳояш расид, ки эҳсоси ғурбат дигар дошт нафасгирам мекард. Ба рости ғарибии маро рангу оҳанги дигар бахшид ин сурудаҳои дусти ғарибам. Яъне дар он муҳити мехоникӣва хандаҳову илтифоти маснӯъӣва дур аз меҳру самимият таронаҳои самимӣва саршор аз меҳри Сиёвуш рӯҳи афгорамро таскине буд. Аммо... Шояд имрӯз ғарибонатарин таронаи адабиёти мо шеърҳои ҳазину дилкаши Сиёвуш бошад. Сурудаҳояш чунин ғарибонаву ғаминанд, ки ҳатто дар номи зебои маҳбуби зебояш бӯи ғамро мешамаду бо садое ҳазин мепурсад: Чаро номи ту ғамгин аст?
Ба назарам ин ошнои ман вопасин бозмондаи як насли сафаркардаест дар канори як баҳори сафаркарда. Насле, ки бо сарводаҳои ватанхоҳонаву миллатдӯстонаи устодон Қаноат, Лоиқ, Бозор ва Гулрухсор сутунмӯҳраи тафаккуру ғурураш мустаҳкам шуд. Насле, ки беғурурӣва мадҳиясароии як насле аз худ бузургтарро шоҳид буду мушт ба дандон газид ва барои шеъри нобу ғурури ҳакимонаи шоирони тоҷик пеши худ муя кашид. Насле, ки ба фарҳанги фарогири ҷомеа табдил шудани раққосиву масхарабозиро гувоҳ буду намедонист аз шармсорӣсар ба кадом биёбоне занад. Насле бо рӯҳу равони захмї, ки ҳамакнун ҳатто аз навозишҳои ёр метарсад:

Ман аз навозиши дастони ёр метарсам,
Ки захмҳои дилам то ҳануз хуншор аст. (Фарзона)

Насле, ки ҳарчанд дигар шумори зиёде надорад (зеро беҳтарҳо шаҳид шуданд) ҳануз арзишҳои инсонӣ ва мафҳумҳои арзиширо арҷ мегузорад. Насле, ки ҳануз бовар дорад бо сухан ва қалам мешавад роҳи шамшеру ҷаллодро гирифт. Насли ормонгарое, ки ҳама ормонҳояш арзишанду арзишмеҳвар. Чун дар хоку хун оганда шудани ҳаммиллатони худро шоҳид буданду тантанаи пирузии хун бар хирадро бо чашмони худ диданд, то ҳанӯз барои зинда монданашон хиҷолат мекашанду сурудаҳояшон оҳанги ҳазин дорад. Оҳанге саршор аз ҳавои дуродур ва дардҳои тоҷикона.
Ва дар поён як ишораи дигар; таърихи ҳазору анд солаи адабиёти мо собит карда, ки на мадҳияву маддоҳон, балки ҳамин сурудаҳои ҳазину заминӣва сарояндаҳои дардошнои онҳоро соҳибони фардо ба некӣёд хоҳанд кард. Ин маддоҳон ҳамроҳи мадҳияву мамдӯҳонашон ва гоҳе аз онҳо пештар ба фаромушхонаи гумномӣё бадномӣмераванд.
Ва шукр, ки Сиёвушҳо ҳастанду обрӯи Сухан ва ҷойгохи волои он бо азамати ҷовидона нигаҳдорӣмешавад. Онҳоянд, ки маддоҳӣнабудани рисолати шоирро бо сурудаҳои дардолуди хеш ба исбот мерасонанд. Зиҳи Сиёвушу Сиёвушҳо!
Зафари Суфӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)