Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:11

ҲНИТ маҳфили ёдбуд мегузаронад. Ба поси хотири Нурӣ ва Ҳимматзода

16 март 2012, 04:51

Фардо, 17- уми март дар қароргоҳи марказии ҲНИТ маҳфили ёдбуд бахшида ба асосгузорони ин ташкилоти сиёсӣ Устод Сайид Абдуллоҳ Нурӣ ва Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода баргузор мешавад.


Тибқи иттилои раиси ситоди тадорукоти ҳамойиш, муовини райиси ҲНИТ, Сайидумар Ҳусайнӣ мақсади аслии    конфронс, ё худ маҳфил ёдкард аз талошҳои асосгузорони ин ҳизб мебошад.

Ба қавли оқои Ҳусайнӣ, ҳамчунин муаррифӣ кардани мактаб ва афкори ин бузургон ба ҷомеа ва алалхусус ба насли ҷавоне, ки онҳоро надидааст. Аз тарафи дигар, ин ҳамоиш таҷдиди аҳду паймон аст, ки мо дар роҳи пешгирифтаи онҳо ва дар мактаби эшон пойбанд ва содиқ ҳастем.

Гуфта мешавад, ба ин ҷаласа беш аз сад меҳмон, аз ҷумла намояндаҳои ҳукумату аҳзоби сиёсии кишвар, намояндагони сафоратхонаҳо, шахсиятҳои барҷастаи кишвар, журналистон, аҳли зиё ва аъзои Комиссияи оштии миллӣ ва дигарҳоро барои ширкат кардан дар ин ҳамоиш даъват кардаанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки ширкат дар маҳфил озод буда, ҳар нафаре хоҳони ширкат кардан аст, метавонад иштирок кунад.

Зимнан, пас аз баргузории ҳамойиши мазкур ҷаласаи фаъолони ҲНИТ дар минтақаи НТҶ (Ноҳияҳои тобеи ҷумҳӯрӣ) сурат мепазирад ва дар он фаъолият, мушкилот ва монеаҳое, ки аъзои ин ҳизб дар ин минтақа мувоҷеҳ ҳастанд, баррасӣ мешавад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • muhojir

  • 10 сентябр 2013 00:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ҲНИТ маҳфили ёдбуд мегузаронад. Ба поси хотири Нурӣ ва Ҳимматзода
digar kor nayoftan

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!