Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:02

ВКД маркази санҷиши тахассусии вижаро созмон дод

16 март 2012, 05:25

Дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ «Маркази тестҳо, озмун ва санҷишҳо» таъсис дода шуд.


Тавре ба Озодагон аз ин вазорат хабар доданд, маркази мазкур бо мақсади интихоби босифат ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ бо фармони вазири корҳои дохилӣ ташкил карда шуд. Дар ин марказ кормандоне, ки дар самти хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, баланд бардоштани фаъолияти оперативӣ, тафтишот ва дигар самтҳо  фаъолият мекунанд, барои  муайян намудани мувофиқати тахассусии ҳайати шахсӣ, пешниҳод намудан ба вазифаҳои баландтар ва додани рутбаҳои аввалин ва навбатӣ ба ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда таъин мегарданд, аз озмуну санҷишҳо ба таври тестӣ хоҳанд гузашт.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!