Бахшҳо

Сардабири хабаргузории «Озодагон» ба ҳайси Дабири Кулли Шӯрои ВАО интихоб гардид

Дар Шӯрои Воситаҳои Ахбори Оммаи Тоҷикистон бо  иштироки  раиси Шӯро ва кормандони дастгоҳи иҷроия ҷаласа баргузор гардид.

Зинатулло Исмоилов, роҳбари ин ниҳод ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки дар нишаст нақшаи кории Шӯро барои соли 2012 муҳокима шуда, дурнамои фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан, таъкид шуд, ки соли равон таваҷҷӯҳ бештар ба ҳамкории Шӯро бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеъа  равона мегардад. Бо ин мақсад гузаронидани 10 вохӯрии аъзои Шӯро бо хонандагон, шунавандагон ва бинандагон дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Шаҳритӯс, Панҷакент, Исфара ва Рашт дар назар аст. Инчунин бо мақсади ба ҷо овардани рисолати аслии Шӯро- ҳалли қазияҳои нашрияҳро то додгоҳ тадбирҳо андешида мешаванд.

Ҳамзамон, дар нишасти мазкур раиси Шӯрои ВАО хабар дод, ки дар натиҷаи озмуни кушод барои ишғоли вазифаи Дабири кулл дар асоси алтернативӣ журналист Хилватшоҳи Маҳмуд (Хоҷаев) ба ин вазифа интихоб гардид.

Маврид ба ёдоварист, Хилватшо Хоҷаев (Хилватшоҳи Маҳмуд) таҷрибаи кории муваффақ дар ВАО-и кишварро дорад. Вай дар радиоҳои «Русское радио-Ориёно», «Имрӯз», ТВ «СМТ» ва алъон дар хабаргузории «Озодагон» ба ҳайси сардабир фаъолият карда, дар матбуоти даврӣ бо навиштаҳояш маъруф аст. Мавсуф барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ дар соли 2010 мебошад.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон 30 октябри соли 2009 дар ҷаласаи умумии намояндагони созмонҳои журналистии кишвар таъсис ёфта, барои татбиқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад.

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)