Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:49

Панҷакент:Амондара соҳиби боғчаи кӯдакон мешавад. То 1-уми май

16 март 2012, 12:16

Айни ҳол дар шаҳру деҳоти Панҷакент 17 муассисаҳои томактабӣ фаъолият доранд, ки 12-тои он дар тобеияти шӯъбаи маорифи шаҳр мебошанд.

Муассисаҳои томактабии шаҳру деҳот зиёда аз 2746  нафар кӯдаконро  фаро гирифтааст.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, бо мақсади бештар фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, омодагии кӯдакон ба мактаб, пайдо намудани завқи баланд, дунёи  рангин ва ахлоқи намунавӣ аз ҷониби сокини деҳаи Амондара Аваз Сафаров дар бинои собиқи идораи хоҷагии деҳқонии ба номи  Фирдавсӣ муассисаи томактабӣ бунёд мегардад. Ба таъмиру тармими бинои аввалин муассисаи томактабӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳот ба маблағи зиёда аз 55 ҳазор сомонӣ то имрӯз корҳои сохтмонӣ ба иҷро расидааст.

Бояд гуфт, ки ҷамоати деҳоти Амондара 13.700 аҳолӣ дошта, дар ҳудуди он муассисаи томактабӣ вуҷуд надорад. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот бошад, дар айни ҳол кӯдакони то 6 сола 2.511 нафар мебошанд. Дар назар аст, ки боғчаи кӯдакон «Таманно» номгузорӣ шуда, то 1 майи соли  ҷорӣ ба истифода дода, дар навбати аввал 60 нафар кӯдаконро  фаро хоҳад гирифт.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!