Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:33

Хонандаи тоҷик “Гран При” гирифт. Дар Қазоқистон

17 март 2012, 04:10

Хонандаҳои тоҷик аз олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни риёзӣ дасти холӣ барнагаштанд.

Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон аз 11-ум то 14-уми марти соли равон дар шаҳри Алмаатои давлати Қазоқистон ду олимпиадаи байналхалқии математикӣ баргузор шуд, ки яке “Олимпиадаи математикии ба номи “Роҳи Абрешим” ва дигарӣ “Олимпиадаи математикии байни давлатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором” ном гирифта буд. Дар ин сабқатҳо Тоҷикистонро шаш муҳасили литсей‐интернати муштараки тоҷикию туркии ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе ва шаш хонанда аз макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ намояндагӣ карданд. Ба иттилои манбаъ дар ин олимпиадаҳо як хонандаи тоҷик мақоми аввал, панҷ нафар ҷои дуюм ва панҷ муҳасили дигар зинаи сеюмро ишғол карданд. Муҳаммадфирӯз Ҳасанов дар ҳар дуи олимпиада соҳиби медали тилло гардида бо ҷоизаи олӣ-“Гран При” қадрдонӣ шуд. Ҳамчунин ба Муҳаммадфирӯз роҳхати Донишгоҳи миллии ба номи “Ал Фораби”-и Қазоқистонро супурданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!