Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:05

Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ имрӯз ба соҳибонаш таслим мешавад

17 март 2012, 05:56

Зуҳри имрӯз, 17 март дар Душанбе  маросими тақдими ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сурат мепазирад.

Дар ҳоле, ки ҳамасола ин ҷоиза 11-уми март, рӯзи таҷлил аз Иди матбуоти тоҷик эъто мешуд.Соли равон аввалин маротиба дар таърихи супурдани ҷоизаи мазкур теъдоди барандагони он ба 10 нафар расид. Ба иттилои Акбари Саттор, раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Абдуқаюми Қаюмзод («Озодӣ»), Абдуғафори Камол («Ҷаҳоннамо»), Фирӯза Саидова (Радиои Тоҷикистон), Сайёф Мизроб («СССР»), Зафар Саидов («Сафина»), Ҷумъа Қувват («Нури Нуробод»), Гавҳар Умарова (Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода), Игор Сатторов (ҳафтаномаи «Алюминийи Тоҷикистон»), Солеҳбой Дадабоев (Ҳақиқати Суғд) ва Айниддин Қурбонов (рӯзномаи "Истиқлол" дар ноҳияи Темурмалик) ғолиби озмун дар соли 2011 эътироф шудаанд.Мавриди ёдоварист, ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфта, ҳамасола ба беҳтарин фаъолияти журналистӣ супорида мешавад. Тули ин солҳо танҳо як нафар Толибшоҳи Саидзода, хабарнигори нашрияи "Миллат" соли гузашта ба далели он, ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон яке аз сармоягузорони Ҷоизаи Лоҳутӣ буд ва даъвои додгоҳии ин вазорат алайҳи ин нашрия матраҳ буд, аз гирифтани ҷоиза даст кашид.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!