Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:33

Р.Ғ.Абдулло: Устод Нурӣ аз идомаи ҷанг дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кард

17 март 2012, 08:42

Имрӯз, 16-уми март дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон маҳфили ёдбуд ба поси хотири муассиони ин ташкилоти сиёсӣ- Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода сурат пазируфт.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ ва ёдбудӣ, ба ҷуз фаъолони ҳизб, меҳмонон аз дохилу хориҷ ва коршиносони масоили мухталиф, ҳамчунин сафири Олмон дар Тоҷикистон ширкат доштанд.Маҳфил бо тиловати порае аз Қуръони карим шурӯъ гардида, онро роҳбари ҳамойиш, муовини раиси ҳизб ифтитоҳ кард.

Зимнан, мавлавӣ Абдулҳай (аз уламои фақеҳи ҳизб)  намунае аз ашъори ноби Мирзо Бедилро барои ҳозирин пешкаш намуда, дар бораи нақш ва мақоми аҳли дин дар ҷамъият, муносибати эшон ба моли дунё иброз дошт. Номбурда бо ишора ба нақши ду чеҳраи маъруф дар олами сиёсат ва исломи кишвар дахл карда гуфт, инсон бояд ҳам дунё ва ҳам охирати худро бо аъмоли нек оро бидиҳад. Мавлавӣ Абдулҳай суханронии худро бо ғазали эҷодкардааш дар ҳаққи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба поён расонид.

Ҳамзамон, Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик хотира ва андешаи худро дар бораи Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода баён намуда, таъкид кард, ки мақому нақши онҳо, махсусан дар бунёди сулҳ дар марҳалаи аввали истиқлолият шоиста ва нотакрор буд: «Нахустин хизмати Саид Абдуллоҳи Нурӣ он буд, ки ӯ тавонист гурӯҳҳои мухталифи  мухолифини ҳукуматро зери як ливо ҷамъ овард. Дар лаҳзаҳое, ки  зархаридҳои хориҷӣ мехостанд бо ҳар роҳе бо яке аз ҷонибҳо ҳамроҳ шуда Тоҷикистонро ба саҳнаи ҷанги давомдор табдил диҳанд, маҳз  Нурӣ ба унвони раҳбари мухолифини тоҷик тавонист аз он  ҷилавгирӣ кунад».
Рӯҳонии саршинос, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода иброз дошт, ки шахсиятҳои бузург дар зиндагиаш қадр намешавад, аммо мо имрӯз дарк мекунем, ки то кадом андоза талошу аз худ гузаштанҳои ин чеҳраҳо дар роҳи ба даст овардани сулҳ ва оштӣ арзишманд будааст.
Маврид ба ёдоварист, Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз замони таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз соли 1970 сарварии онро ба зимма дошт, аснои муқовимати нерӯҳои мухолифин бо ҳукумат дар солҳои 1992-1997 низ дар раъси ин иттиҳод қарор гирифта буд. Устод Нурӣ пас аз имзои созишномаи Мусолиҳаи миллӣ дар соли 1997 то соли 1999 роҳбарии Комиссияи Оштии Миллиро ба ӯҳда дошт. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 9-уми августи соли 2006 дар синни 59-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • muhamad

  • 20 август 2013 02:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
baroiki khudash jang dokhta bud baroi hamin man kard baadi foidai jam kardaash

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!