Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:35

Сафари райисҷумҳури Тоҷикистон ба пойтахти Русия

19 март 2012, 04:09

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз ба Маскав парвоз кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, дар ин сафар ҷаноби Раҳмонро мушовири президент оид ба масоили сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири корҳои хориҷаи кишвар Ҳамрохон Зарифӣ, вазири рушди иктисод ва савдо Шарифхон Раҳимзода ва дигар ашхоси расмии ҳукумат ҳамроҳӣ доранд.

 

Гуфта мешавад, шоми 19-уми март Эмомалӣ Раҳмон ба ватан бармегардад, зеро рӯзи 20-уми март, қарор аст, дар ифтитоҳи Китобхонаи нави миллӣ дар Душанбе иштирок карда, бо зиёиёни  кишвар мулоқот  кунад. 
Манбаъ афзуд, дар пойтахти Русия сарони кишварҳои узви Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар ҳамоиши вижа идомаи равандҳои ҳамгироиро баррасӣ мекунанд.

Қаблан, хадамоти матбуотии Кремл изҳороте пахш карда буд, ки дар ин мулоқоти дорои “аҳамияти бузург”  президентҳои Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Ҳамчунин, ба иттилои ин манбаъ, раҳбарони Арманистон, Молдова ва Украина дар нишасти мазкур ба ҳайси нозир ҳузур хоҳанд дошт.  
Ёдрас менамоем, санади таъсиси Иттиҳоди ҳамкории иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЕс) 10-уми октябри соли 2000 дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба тасвиб расида, 30-уми майи соли 2001 ҳукми қонуниро гирифт.Зимнан, панҷ кишвар бо шумули Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон аъзоёни комилҳуқуқи ин ташкилот маҳсуб мегарданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!