Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:13

HRI омори нодуруст пешниҳод намуд. Раддияи як ниҳоди Тоҷикистон

19 март 2012, 06:06

“Harm Reduction International” (HRI), як созмони байнулмилалӣ, ки маркази он дар шаҳри Лондон мебошад, ҳисоботеро интишор додааст, ки омори он қобили қабул нест.

Зимни ин гузориш аз ҷумла омадааст, ки Тоҷикистон дар шумори занони маҳкумшуда барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир пешсаф аст. Дар Тоҷикистон аз шумори умумии заноне, ки мӯҳлати ҷазоро дар маҳбасҳо адо мекнанд, 70% барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошанд.  Ин ҳисобот ҳамчунин овардааст, ки дар Тоҷикистон 3 миллиону 519 ҳазору 360 нафар занон истиқомат мекунанд. Дар ҳабсхонаҳои Тоҷикистон 600 нафар занон нигоҳ дошта мешаванд, ки 420 нафари онҳо барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор маҳкум шудаанд.

Дар робита ба ин иттилоъ, Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад, ки тайи солҳои охир шумораи маҳкумшудагон барои ҷиноятҳои алоқаманд ба маводи мухаддир 12-13% - ро аз теъдоди умумии  шахсоне дар бар мегирад, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд: “Соли 2011 дар Тоҷикистон 16.864 ҷинояти умумӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ҳамзамон, ҳиссаи ҷиноятҳои марбут ба нашъа дар ин омор 5,5% буд.

Гуфтанист, соли 2011 дар Тоҷикистон 7.828 нафар барои содир намудани ҷиноятҳои умумӣ маҳкум шуда буданд, ки аз ин миқдор 805 нафарашон бонувон мебошанд. Занони барои ҷиноятҳои марбути нашъа 41 нафар ва ё 4,2% -ро ташкил медоданд.Солҳои 2009 ва 2010 шумораи занони маҳкумшуда барои ин намуди ҷиноят мутаносибан 57 ва 55 нафар буданд.

-Дар ҷойҳои маҳрумият аз озодии Сарраёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҶТ дар соли 2011  237 нафар занон адои ҷазо мекарданд, ки ҳамагӣ 54 (4,3%) онҳо  барои содир намудани ҷиноятҳои маводи мухаддир маҳкум шуда буданд. Баъди ба ҳукми иҷро даромадани Қонун дар бораи авф, ки соли 2011 қабул шуда буд,   алъон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ  96 нафар занон барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун ба сар мебаранд, ки ҳамагӣ 8 нафари онҳо барои ҷиноятҳои марбути нашъа маҳкум шудаанд.

Маврид ба ёдоварист, мувофиқи ба рӯйхатгирии охирини аҳолӣ, ки соли 2010 Агентии омори назди президент гузаронида буд, дар Тоҷикистон 3 миллиону 747 ҳазору 500 нафар занон ба сар мебаранд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!