Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 20 январ 2017, 00:10

Убайдуллоев аз намоишгоҳи кӯлобиҳо дидан мекунад

28 май 2011, 06:22

Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз намоишгоҳи шаҳри Кӯлоб, ки  дар боғи фарҳангии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дидан мекунад.

Маврид ба ёдоварист, ки бо ташаббуси ҳукумати пойтахт чандин шаҳру навоҳии кишвар рӯзҳои фарҳангии худро дар шаҳри Душанбе доир намуда дастранҷ ва фарҳангу расму русуми хоси худро ба сокинони пойтахт ба  маърази тамошо мегузоранд.

Намоишгоҳи шаҳри Кӯлоб бо омодогии хосе аз дигар шаҳру навоҳӣ тафовут дошта, ба ҷузъ намоиши молу маҳсулот аксу овезаҳои зиёде аз қаҳрамонону собиқадорони ин минтақа, нақшаи генералии шаҳри Кӯлоб, иншоотҳои бунёдгаштаи стратегӣ ва нақшаи шаҳрчаи барои офатзадаҳои Чармгарони Кӯлоб бунёдгардида низ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!