Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:12

Мушкили нақлиёт ва сарсонии мусофирон дар кӯчаҳои Душанбе

19 март 2012, 11:31

Бориши барф ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе мушкил эҷод намуда, мусофирон ба мушкилии ҷиддӣ мувоҷеҳ шуданд. Хабарнигори Озодагон ба манзури ошноӣ аз чанд кӯчаи пойтахт дидан карда, чунин иттилоъ медиҳад:

«Сулаймон Амиршоев, ки дарбони сирки Душанбе аст, барои ба кор рафтан соати 6-у 30 дақиқаи субҳ берун баромада, ҳудуди як соат нақлиёти мусофирбарро интизор гаштааст. Номбурда афзуда, ки дар роҳ одамони зиёде буданд, аммо маоршруткаҳо ангуштшумор буданд. Ронандаҳо ҳам ин фурсатро ғанимат дониста нархи роҳкироро ба хости дили худашон ситониданд».

Ҳамзамон, бобои Сулаймон гуфт, ки аз назди бозори Саховат то истгоҳи Сирк 3 сомонӣ ҳаққи роҳкиро пардохт кардам. Ба ронанда гуфтем, ки додар наход, ки ҳамагӣ се истгоҳ меравем ту 3 сомонӣ талаб куни? Ӯ мегӯяд, бобо агар нахоҳӣ маҷбур намекунам, фароед. Аммо ман маҷбур будам, ки дар вақти лозима ба ҷойи кор ҳозир шавам. Бобо Сулаймон афсӯс хӯрда мегӯяд, ман аксари вақт ба воситаи троллейбус ба ҷойи кор меомадам, мутаасифона, ин саҳар ҳар қадар, ки барвақт баромадам, вале дар роҳ ягон троллейбус ҳаракат намекард.

Танзимгарони хатсайрҳои мусофирбари бошанд, иллати ба пуррагӣ ҳаракат накардани воситаҳои нақлиётро дар хатти сайрашон ба резиши зиёди барф рабт медиҳанд. Зеро дар ин хел рӯзҳо на ҳамаи ронандаҳо ба кор баромада метавонад. Вале баъзеи дигарашон иддао дорад, ки то ҳол ягон мушкилие надоранду аз ҷониби мусофирон шикоят нашудааст. Абдурашид Розиқов, танзимгари хатсайри рақами 14 мегӯяд, дар ин хатсайр  ҳамарӯза то 50 маршрут ва аз ин ҳам зиёд ҳаракат мекарданд вале имрӯз бо сабаби он ки барфи зиёд бориду ҳаракат дар роҳ душвор гардидааст, на ҳамаи ронандаҳо ба кор баромадаанд. Айни ҳол ҳамагӣ 46 ё 47 машрут рафтаву омада истодаанд, ки барои сари вақт расонидани мусофирон ба ҷойи лозима басандагӣ намекунад. Ин хатсайр ба ду қисм ҷудо карда шудааст, ки ҳаққи роҳкиро аз аввал то охири хатсайр 80 дирам муқаррар карда шудааст.

Аз субҳи барвақти имрӯз (19-уми март) мусофирони зиёде дар роҳҳои назди маҳаллаи Гулистону Сирк интизори нақлиёти мусофирбар буданд, ки аз сӯҳбат бо эшон маълум шуд, ки аксарият маршрути 2-ро интизорӣ мекашанд. Онҳо мегӯянд, аз ҳаррӯза дида барвақттар ба роҳ баромада буданд, вале наметавонанд, ки ба зудӣ ба коргоҳашон ҳозир шаванд.

Дар ҳамин ҳол, резиши зиёди барф натанҳо ба ҳаракати воситаи нақлиёт халал ворид кард, балки мушкилиҳои зиёдеро низ дар пай дошт. Бо сабаби чаппа шудани дарахтон ба болои хатҳои интиқоли барқ дар аксарияти маҳаллаҳои пойтахт қувваи барқ қатъ гардидааст.

Феълан, сарбозони вазорати дифоъи Тоҷикистон ба кӯчаҳо баромада, дарахтонро аз барф тоза мекунанд. Дастаи наҷоти Кумита ҳолатҳои фавқуллодда бошад, то ин соат 29 ҳодисаи фавқуллодаро бартараф намудаанд, ки аксарияти ин ҳодисаҳо аз ҳисоби чаппа шавии дарахтон ба амал омада буданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!