Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:30

Мусобиқаи дастхобонӣ дар вилояти Суғд. Тими Хуҷанд дар ҷои аввал

19 март 2012, 11:46

Дар толори варзишии мавсум ба  “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд чемпионати вилояти Суғд оид ба намуди дастхобонӣ байни наврасон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Дар он дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Истаравшан, Табошар, Ҷ.Расулов, Қайроққум ва Чкалов ширкат варзиданд.Тавре ба хабаргузории Озодагон аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимнан дар ин мусобиқа варзишгарони дастаи шаҳри Хуҷанд ба гирифтани ҷои якум, тими Ашт ҷои дуюм ва дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба гирифтани мақоми сеюми чемпионати мазкур сазовор гардиданд.Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи мазкур 92 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят қувваозмоӣ карданд.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!