Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:35

ИМА ба марзбонони Тоҷикистон лавозимоти вижа тақдим намуд

20 март 2012, 05:01

Сафорати ИМА лавозимои заруриро, ки арзиши бештар аз 115 ҳазор долларро доранд, ба қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон тақдим кард.

Тибқи иттилоъ, ин муҳимот аз либоси махсуси ҳимоя, афзори гарм ва лавозимоти размороӣ иборатанд.    Гуфта мешавад, аз ин таҷҳизот 40 нафар кормандони нерӯҳои махсуси  мобилии қушӯнҳои сарҳадӣ, ки таҳти омӯзиши мураббиёни амрикоӣ  омӯзиш гирифтаанд, истифода хоҳанд бурд.Зимнан, дар маросими мазкур Кордори сафорати ИМА хонум Сэра Пенхюн иброз дошт, ки ҳукумати Амрико бо қушӯнҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани амнияти сарҳадӣ ва пешгирӣ кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкории зич дорад: «Мо дар таъмин намудани амнияти сарҳадии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон  ва ифротгароён ҳадафи муштарак дорем».

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!