Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:35

Эрон: Исроил тоқати ҷанги воқеиро надорад

20 март 2012, 05:11

Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон мегӯяд, ки Исроил то андозае заиф аст, ки наметавонад ҷанги воқеии якҳафтаиро  таҳаммул намояд.

Дар ин бора расонаҳои хабарӣ бо такя ба суханони оқои Солеҳӣ иттилоъ додаанд. Алӣ Акбар Солеҳӣ дар як гуфтугӯи худ бо шабаки телевизионии «Two Danish» гуфтааст: «Мо тамоми навъи таҳдидро ҷиддӣ қабул менамоем, агарчӣ аз ҷониби як кишвари кӯчаку заифтарин ҳам бошад».Вазири давлати исломӣ бо ишора бар ин ки Эрон Исроилро ҷуз як минтақаи сохта, чизи дигаре намеҳисобад, афзудааст, ки агар Исроил воқеан дар бораи ҳамлаҳои низомии худ ба муассисаҳои атомии Эрон тасмим бигирад, пас дар ин сурат, Эрон бо тамоми қуввааш посух хоҳад гуфт.Ёдовар мешавам,  ин суханон замоне аз ҷониби ҷаноби Солиҳӣ садо доданд, ки мақомоти Исроил тайи чанд моҳи ахир дар бораи ҳамлаҳои низомӣ алайҳи Эрон ҳушдор медиҳад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!