Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:17

Душанбе: Наврӯзи имсоларо бо оташбозӣ (фейрверк) пешвоз мегирем

20 март 2012, 05:31

Соати 24:00-и имшаб (20-уми март) дар Тоҷикистон аз Наврӯз истиқбол хоҳанд кард.

Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, шаҳрдории Душанбе ба истиқболи Наврӯзи байнулмилалии соли 2012 ҷадвали баргузории маросимҳои ҷашниро мунташир кардааст, ки бар асоси он Иди Наврӯз дар   бо оташакбозӣ ё фейерверк истиқбол мешавад.Ҳамин тавр, дар ҳаҷми 5 –дақиқа дар Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Ғалаба, Боғи Пойтахт ва Боғи Дӯстии Халқҳо оташакбозӣ (фейрверк) доир мешавад. Ҳамчунин, дар давоми рӯзҳои 20-21-уми март аз соати 10:00 ташкили намоишҳои русуми Наврӯзӣ ва барномаҳои ҳунарӣ дар Боғи Ирам, Боғи Ғалаба, майдони 800-солагии Москва, Боғи Дӯстии Халқҳо доир мешавад.Рӯзи 23-юми март мусобиқаи гӯштии миллӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва рӯзи 25-уми март намоиши фарҳангии "Ошёни Наврӯз" ва дар фарҷоми он баргузории фейрверк ё оташпаронии рӯзона дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" низ дар назар аст.Интизор меравад дар ҷашни Наврӯзи имсола дар Тоҷикистон раҳбарони Афғонистон, Эрон ва Покистон низ иштирок дошта бошанд. Бо дар назар гирифтани сардии ҳаво ҷашни асосии Наврӯзи байнулмилалӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ дар рӯзи 25-уми март дар "Наврӯзгоҳ" баргузор хоҳад шуд.Маврид ба тазаккур аст, ки Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон, тибқи мушоҳидаҳои астрономӣ вуруди Наврӯзи имсоларо соати 10-у 14 дақиқаи 20-уми март эълон кардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!