Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:19

Тақвими чорабиниҳои Наврӯзӣ дар Душанбе. Аз 17 то 27-уми март

20 март 2012, 06:24

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки имсол дар Душанбе бо ширкати сарварони чанд кишвари ҳамзабону ҳамсоя сурат мегирад, чорабиниҳои зиёде ба нақша гирифта шудааст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 17-уми март аз соати 9 00 то 11 00 Дави Наврӯзӣ дар Душанбе баргузор шуда, имрӯз, 20уми март, соати 24 00 баргузории фейрверкҳои идона дар ҳаҷми 5 дақиқагӣ дар Боғҳои Рӯдакӣ, Ғалаба, Пойтахт ва «Дӯстии Халқҳо»-и пойтахт дар назар аст.

Тақвими дигар чорабиниҳои ҳукумати Душанбе  ба таври зайл аст:

20-21 март аз соати 10 00 ташкили намоишҳои русуми Наврӯзӣ ва барномаҳои идонаи консертӣ дар сатҳи ноҳияҳои шаҳр дар Боғи Ирам, Боғи Ғалаба, майдони 800-солагии Москва, гулгашти ба номи Мироненко ва Боғи Дӯстии Халқҳо.

22-уми март баргузории чорабиниҳои идонаи Наврӯзӣ дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр.

23-уми март соати 14 00 мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе.

арт маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе.

25-уми март, соати 11 00 намоиши фарҳангии театрикунонидашудаи «Ошёни Наврӯз» ва дар фарҷоми он дар ҳаҷми 7 дақиқа баргузории фейрверки рӯзона дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» (даромад бо даъватнома).

27-уми март, соати 10 00 Пойгаи равони сатҳи ҷумҳуриявӣ бо меъёрҳову иштироки доварони сатҳи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» (арзиши чиптаҳои воридотӣ 5 сомонӣ).

Ҳамзамон, бояд хотиррасон намуд, ки аз 10 то 20 марти соли 2012 баҳри ғановати дастурхони идонаи сокинон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишварзӣ дар бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе ташкил карда мешаванд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!