Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:32

Раққосаҳои бепатент дар “Бешаи палангон”

20 март 2012, 09:22

Зимни гузаронидани як амалиёти фаврӣ аз тарафи кормандони кумитаи андоз дар  нуқта ва марказҳои дилхушии фаъолияти шабона қонуншиканиҳо ошкор ва пешгирӣ шуданд.

Тавре аз ин ниҳод ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, таври мисол дар тарабхонаи мавсум ба «Бешаи палангон», воқеъ дар ҷамоати Русияи ноҳияи Рӯдакӣ    (роҳбараш Ҷамшед Розиқов) аз доираи меъёрҳои муқарраршудаи қонунҳои амалкунанда, махсусан қонунгузории андоз баромада, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

 

Манбаъ афзуд, Ҷамшед Розиқов дар нозироти андози ноҳияи Рӯдакӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бо ҷалби 15 нафар корманди кироя ба маблағи дар як моҳ 6 ҳазор сомонӣ, ки ба ҳар як коргар 400 сомонӣ рост меояд, фаъолияти худро ба истеҳсол ва фурӯши таомҳо роҳандозӣ намудааст. Илова бар ин таҳлилҳо собит сохтанд, ки дар объекти зикршуда 14 нафар раққоса бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғуланд. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ 14 нафар раққоса ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бо ҳуҷҷати соҳибкорӣ-патент ба маблағи 3 458 сомонӣ таъмин карда шуданд.

Ҳамзамон, нисбати соҳибкори инфиродӣ Ҷамшед Розиқов, бинобар сабаби риоя накардани қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 310, яъне муомилотро бо пули нақд бе истифодаи мошинаи назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ ба роҳ мондан, бо дастрасии моддаи 615 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон  протоколи маъмурӣ дар шакли ҷарима тартиб дода шуда, маблағ ба буҷети давлатӣ ворид карда шуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!