Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:29

Баёнияи Наврӯз-2012 дар Тоҷикистон қабул шуд

26 март 2012, 04:39

Дар доираи сеюмин ҷашни Рӯзи Байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барномаҳои гуногуни фарҳангӣ таҳти шиори «Наврӯз- ҳамбастагии маънавии халқҳо ба хотири фардои дурахшон» баргузор гардиданд.


Ширкаткунандагони тантанаҳои наврӯзӣ бо арҷгузорӣ ба ташаббуси кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Туркия ва дастгирии дигар кишварҳо дар мавриди ба иди Наврӯз додани мақоми байналмилалӣ, баёнияи муштараки зеринро қабул намуданд:
1.Аз қарори Маҷмааи Умумии СММ ARES4 «аз 18 феврали соли 2010 ҷиҳати эълон намудани 21-уми март ба унвони Рӯзи Байналмилалии Наврӯз қадрдонӣ менамоянд;
2.Аз ташаббуси ЮНЕСКО дар мавриди таҷлили Наврӯз қадрдонӣ намуда, зарурати эҷоди василаи муносибро ҷиҳати истифодаи беҳтар ва хубтар аз дастовардҳои илмию фарҳангии ин созмони байналмилалӣ дар таҳияи заминаҳои фарҳангӣ, ки барои таҳкиму тавсеаи робитаҳои байни халқҳо заруранд, таъкид менамоянд;
3. Ташаббуси Ҷумҳурии Исломии Эронро ҷиҳати баргузории “Ҳамоиши байналмилалии саромадони Наврӯз» дар шаҳри Теҳрон дар соли гузашта бо қаноатмандӣ таъкид намуда, бо мақсади ҳифз намудан ва таҳкими мероси фарҳангӣ ва оинҳои Наврӯз, аз созмон додани гурӯҳ барои таҳияи «Санади умумиҷаҳонии Наврӯз»пуштибонӣ менамоянд;
4. Ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва муассисаи фарҳангии он пешниҳод мекунанд, ки доир ба иқдомоти худ ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ ҳамасола гузориш таҳия намуда минбаъд онро ба ҷашни навбатии Рӯзи Байналмилалии Наврӯз манзур намоянд;
5.Ширкаткунандагони сеюмин ҷашни Рӯзи Байналмилалии Наврӯз ба мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории муваффақонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз миннатдории самимонаи худро баён карданд;
6. Ширкаткунандагон пешниҳоди Туркманистонро ҷиҳати баргузории ҷашни навбатии Рӯзи Байналмиллалии Наврӯз дар моҳи марти соли 2013 дар шаҳри Ашқобод бо хушнудӣ ва мувофиқат пазируфтанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки рӯзи гузашта, 25-уми марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе    сеюмин таҷлили Рӯзи Байналмилалии Наврӯз бо иштироки сарони кишварҳои   Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон, муовини раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон, муовини сарвазири Туркманистон, муовини сарвазири Озарбойҷон, муовини раиси ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Хитой, Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон, Котиби Генералии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Намояндаи махсуси Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон, фиристодаи махсуси сарвазири Ҳиндустон, сафири Ҷумҳурии Ӯзбакистон ва намояндагони дигар кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!